Асосҳои ҳуқуқии фаъолият
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 сентябри соли 2021, №413
Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
- Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорат) мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар доираи ваколатҳои худ амалисозии сиёсати давлатиро дар соҳаҳои меъёрэҷодкунӣ, таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ, баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ, мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, назорати фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон, тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, экспертизаи судӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар соҳаҳое, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд, таъмин менамояд.
- Вазорат фаъолияти мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳбарӣ, ҳамоҳанг ва назорат менамояд.
- Вазорат фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва ҳамин низомнома ба роҳ мемонад.
- Вазорат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти дигари иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли ташкиливу ҳуқуқӣ анҷом медиҳад. Муфассал