Эълон «Ваҳдати миллӣ – пояи сулҳ»

Шӯрои занон бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ викторинаи «Ваҳдати миллӣ – пояи сулҳ»-ро байни кормандони дастгоҳи марказии Вазорат эълон менамояд.
Шартҳои озмун:
- Пешниҳоди як ҷавоб ба саволе, ки дар «Гӯшаи Шӯрои занон» ҳар рӯз соати 10-00 ҷойгир карда мешавад.
2.Ҷавобҳо дар шакли хаттӣ бо қайди ном ва насаб, соат ва дақиқаи ҷавоби савол ба қуттӣ, ки назди «Гӯшаи Шӯрои занон» ҷойгир шудааст, бояд партофта шавад.
- Нафаре, ки ҷавобҳои дуруст, дақиқ ва зиёдтар пешниҳод мекунад, ғолиби викторина мегардад.
Ғолиби викторина 28 июни соли 2022 муайян гардида, бо туҳфаи хотиравӣ сарфароз мегардад.
Котиботи Шӯрои занон