Ҷаласаи 16-уми Шӯрои вазирони адлияи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

30 июни соли 2022 Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён дар ҷаласаи 16-уми Шӯрои вазирони адлияи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар заминаи Форуми 10-уми байналмилалии ҳуқуқии Санкт-Петербург дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия, баргузор гардид, иштирок кард.
Чорабинии мазкур таҳти раёсати вазири адлияи Федератсияи Россия Чуйченко Константин Анатолевич баргузор шуда, дар он вазири адлияи Ҷумҳурии Арманистон Карен Андреасян, муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Беларус Старовойтов Николай, вазири адлияи Ҷумҳурии Қирғизистон Аяз Баетов ва Вазири адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Русланбек Давлетов иштирок доштанд.
Дар рафти ҷаласа аъзои Шӯро нақши вазоратҳои адлия дар гузаронидани сиёсати ҳуқуқӣ ва ислоҳоти ҳуқуқӣ, масъалаҳои мубрами соҳаи адвокатура ва баланд бардоштани сифати истеҳсолоти экспертизаи судӣ дар муассисаҳои экспертизаи судиро баррасӣ намуданд.
Аз натиҷаи ҷаласа қарор карда шуд, ки дар соли 2023 вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён раиси Шӯро интихоб гардида, ҷаласаи 17-ум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шавад.