Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи нуҳуми вазирони адлияи давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шакли маҷозӣ

09.12.2022

9 декабри соли 2022 таҳти раёсати Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаласаи нуҳуми вазирони адлияи давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.

Ҷаласа таҳти раёсати вазири ҳуқуқ ва адлияи Ҷумҳурии Исломии Покистон, сенатор Аъзам Назир Тарар сурат гирифт.

Дар ҷаласа вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад, вазири ҳуқуқ ва адлияи Ҷумҳурии Ҳиндустон Кирен Риҷиҷу, муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Қазоқистон Муканова Алма Қайратовна, вазири адлияи Ҷумҳурии Мардумии Чин Тан Итзюн, муовини вазир адлияи Ҷумҳурии Қирғизистон Орозов Бактияр Сайпидинивоч, котиби давлатӣ – муовини вазири адлияи Федератсияи Россия Андрей Викторович Логинов ва вазири адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Тошкулов Акбар Ҷурабаевич ширкат варзиданд.

Муовини Дабири кулли СҲШ Ашимов Эрик Сарсебекович низ ширкат дошт.

Дар рафти ҷаласа иштирокчиён навовариҳо дар фаъолияти вазоратҳои адлияи давлатҳои узви СҲШ, нақши вазоратҳои адлияи давлатҳои узви СҲШ дар самти рақамикунонии соҳаҳои марбута ба ваколати онҳо дахлдор ва натиҷаҳои корҳоро вобаста ба ҳамкории вазоратҳои адлия оид ба иҷрои созишҳо аз рӯи натиҷаҳои маҷлиси ҳаштуми вазирони адлияи давлатҳои узви СҲШ ҷамъбаст намуданд.

Таъкид гардид, ки таъмини волоияти қонун дар асоси принсипҳои эҳтиром, ҳимоя ва кафолати ҳуқуқи инсон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвар омили асосии субот, устуворӣ ва рушди бомуваффақияти давлатҳои узви СҲШ мебошад.

Ҷаласа дар фазои дӯстона ва самимона гузашт.

Илова кунед: