Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо вобаста ба фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ

27.02.2022

 

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумот мерасонад, ки тибқи муқаррароти моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ вазифадоранд ҳар сол дар сомонаи худ ё сомонаи мақоми бақайдгиранда ҳисоботи молиявиро, ки дар он маълумоти муфассал оид ба даромад ва хароҷот дарҷ шудааст, ҷой диҳанд.

Инчунин, тибқи моддаи зикршуда ҳар сол то 1-уми апрел ба мақомоти бақайдгиранда дар бораи идомаи фаъолияти худ маълумот, ки шакли он аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, пешниҳод намоянд.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ уҳдадоранд шакли пуркардашуда ва муҳркардашудаи намунаи ҳисоботи молиявиро дар формати PDF ба суроғаи электронии h.moliyavi@adliya.tj ирсол намоянд ва шакли ҳисобот дар бораи идомаи фаъолияти худро ба Вазорат то 1-уми апрел супоранд.

Телефон барои маълумоти иловагӣ: 221-88-17 ва 221-84-96.

________________________________________________________________________________________________________________________________

 

Мувофиқи талаботи моддаи 65 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» федератсияҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятии тарбияи ҷисмонӣ ва варзишие, ки то мавриди амал қарор додани қонуни мазкур таъсис дода шудаанд, на дертар аз шаш моҳ мавриди амал қарор гирифтани қонуни болозикр бояд аз нав ба қайди давлатӣ гирифта шаванд.

Бинобар ин, федератсияҳои варзишии ҷумҳуриявӣ, клубҳо ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиширо зарур аст, ки бо мақсади идомаи фаъолият ҷараёни азнавбақайдгирии давлатиро дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то 25 июни соли 2022 анҷом диҳанд.

Телефон барои маълумоти иловагӣ: 221-88-17 ва 221-84-96.

Илова кунед: