Мизи мудаввар дар мавзуи «Шарҳи умумии фаъолияти нотариалӣ, таносуби институтҳои нотариалии Тоҷикистон ва Олмон»
Дар иртибот бо супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2022, № 27754 (29-4.1) ваколатдори генералии Палатаи Федералии нотариалии Германия, ҷаноби Рихард Бок бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Тибқи барномаи матраҳшуда, 3 августи соли 2022 ваколатдори генералии Палатаи Федералии нотариалии Германия, ҷаноби Рихард Бок дар мизи мудаввар дар мавзуи «Шарҳи умумии фаъолияти нотариалӣ, таносуби институтҳои нотариалии Тоҷикистон ва Олмон» иштирок ва баромад намуд.
Чорабинии мазкур таҳти раёсати муовини вазир - Шараф Каримзода амалӣ шуда, дар он намояндагони дастгоҳи марказии Вазорати адлия ва нотариусони давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқии моделҳои нотариатҳои Германия ва Тоҷикистон бешубҳа дар муайян кардани роҳҳои такмили фаъолияти нотариати давлатӣ бо истифода аз таҷрибаи назариявию амалии аллакай андӯхташудаи Германия нақши мусбат хоҳад дошт.