Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мизи мудаввар бахшида ба ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

28.10.2022

28 октябри соли 2022 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Вазорат ва сохторҳои зертобеъ мизи мудаввар бахшида ба ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Нақши солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ” баргузор гардид.

Чорабиниро вазири адлия Музаффар Ашуриён бо сухани ифтитоҳи оғоз карда, вобаста ба муҳтаво ва нақши таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карданд.

Баъдан мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Иззатулло Маҳмудов дар мавзуи “Аҳаммияти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди давлатдории миллӣ” ва ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Исфандиёр Собирзода дар мавзуи “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - асоси инкишофи қонунгузории Тоҷикистони соҳибистиқлол” баромад карданд.

Илова кунед: