Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Маҳфили эҷодӣ-адабии нависанда, мутарҷим ва драматург Абдуғаффор Абдуҷаббор

05.06.2022

Санаи 3 июни соли 2022 дар толори дасгоњи марказии Вазорат маҳфили эҷодӣ-адабии нависанда, мутарҷим ва драматург Абдуғаффор Абдуҷаббор  бо иштироки рохбарият ва ҳайати кормандон Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ин шиносої бо фаъолияти эҷодии нависанда ва дар ин замина бою ғанӣ гардонидани фарҳанги маънавӣ  ва ба китобу китобхонӣ ҷалб намудани кормандон иборат буд.

Маҳфил дар як фазои суҳбати ошкорро доир гардида, дар рафти суҳбат мавсуф доир ба кору фаъолияти худ ва атрофи китобу мақоллаҳо ва мазмуну муҳтавои онҳо, аз љумла атрофи аҳамияти Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ ва пйесаи «Назаркарда» оид ба фаъолияти камназири сулҳофаринии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба ҳозирин маълумот доданд ва дар қисмати хотимавии чорбинӣ  нависанда чанде аз китобҳои тозанашри худро ба хазинаи китобхонаи дасгоҳи марказии Вазорат туҳфа намуданд.

Илова кунед: