Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Абзорҳои таъмини ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар партави стандартҳои аврупоӣ ва байналмилалӣ»

01.12.2022

1 декабри соли 2022 бо ташаббуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Шӯрои Аврупо Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Абзорҳои таъмини ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар партави стандартҳои аврупоӣ ва байналмилалӣ”, дар доираи Барномаи волоияти ҳуқуқ дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2020-2023 баргузор гардид.

Дар чорабинӣ зиёда аз 100 нафар намояндагони мақомоти давлатии Тоҷикистон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд. Мақсад аз ташкил ва баргузории конференсияи мазкур муҳокимаи комёбиҳо ва мушкилоти марбут ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мебошад.

Дар қисмати ифтитоҳии Конференсия вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарм Музаффар Ашуриён, роҳбари намояндагӣ ва Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раймундас Кароблис ва роҳбари Раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои ҳамкории Шӯрои Аврупо Клаус Нойкирх суханронӣ намуданд.

Конференсия дар иртибот ба маъракаи солонаи байналмилалии «16 рӯзи амал бар зидди зӯроварии гендерӣ» (25 ноябр – 10 декабр) ва Рӯзи ҳуқуқи инсон (10 декабр), баргузор карда шуд. Мубоҳисаҳо дар доираи ду мавзуи мубрам: мубориза ба зӯроварӣ дар оила ва риояи ҳуқуқи инсон сурат гирифтанд.   

Конференсия ба иштирокчиён имконият дод, ки бо конвенсияҳои Шӯрои Аврупо, ки барои кишварҳои ғайриузв кушода аст, бештар шинос шаванд ва ҳамчунин имкониятҳои таълимро барои ҳуқуқшиносон дар доираи Барномаи омӯзишии Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон барои намояндагони касбҳои ҳуқуқшиносӣ (HELP) фароҳам оварда шудааст, истифода баранд.

Илова кунед: