Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти cоли 2021

01.02.2022

 

Тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти соли 2021 мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, таҳти № АП-1729, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 январи соли 2022, № 26/10-26 тасдиқ шудааст, санаи 3 феврали соли 2022 дар бинои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти соли 2021 баргузор гардид.

 

 

Варақаи иттилоотӣ

дар бораи фаъолияти Вазорати адлияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021

 

Дар соли 2021 фаъолияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он пеш аз ҳама ба ҳаллу фасли масъалаҳои ҳуқуқӣ равона гардид.

Ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он 57 249 мавод вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ворид гардид.

Вазорати адлия дар самти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ба 3471 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва 3406 ҳуҷҷати дорои хусусияти ҳуқуқии байналмилалӣ хулосаи ҳуқуқӣ пешниҳод намуд.

Ҳамаи маводи воридшуда мавриди санҷиши ҳуқуқӣ қарор гирифта, дар самти мутобиқгардонӣ ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои ҷумҳурӣ хулосаҳои дахлдор дода шуданд.

Вазорат ҷиҳати мутобиқнамоӣ ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳо ва бо мақсади бартараф намудани ихтилофу норасоиҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ 8 лоиҳаи қонунҳо ва 9 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуд.

Дар самти санҷиш, баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соли 2021 ҳамагӣ 1457 (соли 2020 -1637) мавод ворид шудааст, ки аз онҳо 823 (соли 2020 - 1025) санади ҳуқуқӣ барои баҳисобгирии давлатӣ, 187 (соли 2020- 170) санад барои санҷиш ва бақайдгирии давлатӣ, 95 (соли 2020 - 62) муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, 68 (соли 2020 - 123) супориши Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 76 (соли 2020 - 99) санад барои иҷро ва 208 (соли 2020 - 158) санад барои маълумот мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ 823 (соли 2020 - 1025) санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 56 (соли 2020 - 97) қонуни конститутсионӣ ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, 100 (соли 2020 - 165) фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 554 (соли 2020 -701) қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 (соли 2020 - 2) қарори ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллии ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 96 (соли 2020 - 60) қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баҳисобгирии давлатӣ ворид гаштанд.

Аз 187 (соли 2020 - 170) санади барои санҷиш ва бақайдгирии давлатӣ воридгардида 88 (соли 2020 - 104) санад ба қайд гирифта шуда, бақайдгирии 80 (соли 2020 - 54) санад бинобар ба қонунгузории амалкунанда мухолифат доштанашон рад карда шуд ва 19 (соли 2020 - 12) санади боқимонда мавриди баррасӣ қарор доранд.

Аз шумораи зикршуда дар 62 санад омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор гардида, дар 90 санад омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор нагардид, 19 санад дар баррасӣ қарор дорад.

Дар соли 2021 аз тарафи кормандони Вазорати адлия ва сохторҳои зертобеи он дар корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо 11 925 кори тарғиботию ташвиқотӣ анҷом дода шуд, аз ҷумла 8779 вохӯрию суҳбат, 2498 баромаду суҳбат тавассути телевизион ва радио гузаронида шуда, 648 мақола дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ба нашр расид.

Дар самти додани маќоми адвокатӣ ва бақайдгирии шаклҳои адвокатӣ дар соли 2021 дар асоси моддаҳои 18 ва 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» бақайдгирии шаклҳои адвокатӣ ба роҳ монда шуда, дар шаҳри Душанбе 14 кабинети адвокатӣ ба қайд гирифта шуда, 1 кабинети адвокатӣ барҳам дода шуд, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 7 кабинети адвокатӣ ба қайд гирифта шуда, 1 маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ барҳам дода шуд, дар вилояти Суғд 15 кабинети адвокатӣ ба қайд гирифта шуда, 3 кабинети адвокатӣ барҳам дода шуд, дар вилояти Хатлон 6 кабинети адвокатӣ ба қайд гирифта шуд.

Идораҳои нотариалии давлатӣ дар соли 2021 656 109 (соли 2020 - 410 000) амалиёти нотариалӣ гузаронидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 246 109 амалиёти нотариалӣ зиёд мебошад.

Барои амалиётҳои нотариалии баҷоовардашуда аз тарафи нотариусони давлатӣ ба маблағи 74 933 791,37 (соли 2020 - 62 979 804,23) сомонӣ боҷи давлатӣ ситонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 953 987,14 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар самти бақайдгирии ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар давраи ҳисоботӣ 431 (соли 2020 - 457) ариза дар бораи бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳо ва барҳамдиҳӣ ворид гардид.

Вазорат дар ин давра 105 (соли 2020 - 111) аризаи бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро бо сабаби мухолифат доштан ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва риоя накардани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» рад намуд.

Ҳамчунин 122 (соли 2020 - 103) иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва 16 (соли 2020 - 16) филиали намояндагӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ҷараёни бақайдгирии барҳамдиҳии давлатиро гузашта, аз Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ хориҷ карда шуданд.

Дар ин муддат фаъолияти оинномавии 115 (соли 2020-75) иттиҳодияи ҷамъиятӣ санҷида шуд.

Дар ин давра ба Вазорат 1448 (соли 2020 - 1505) иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва 7 ҳизби сиёсӣ дар бораи идомаи фаъолияти худ ҳисобот пешниҳод намуданд.

Дар соли 2021 ба Вазорат 2556 (соли 2020 - 2204) огоҳиномаи ташкилоти ҷамъиятӣ вобаста ба қабул кардани грантҳо ва кумак аз созмонҳои давлатҳои хориҷӣ ворид гардид.

Аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар давраи ҳисоботӣ 463 852 (соли 2020 - 465 010) санад ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1158-то кам мебошад.

Аз ҷумла:

- сабти таваллуд - 218 206 (соли 2020 - 239 946);

- таваллуди кӯдаки ба синни як расида ё аз он калонтар - 53 015 (соли 2020 - 48 719);

- сабти вафот - 39 123 (соли 2020 - 41 693);

- сабти вафоти аз муҳлати як сол гузашта - 1176 (соли 2020 - 974);

- сабти ақди никоҳ - 74 863 (соли 2020 - 67 104);

- сабти бекоркунии ақди никоҳ - 13 714 (соли 2020 - 10 536);

- сабти муқаррар кардани падарӣ - 38 326 (соли 2020 - 35 118);

- фарзандхондӣ - 1388 (соли 2020 - 1117);

- иваз намудани насаб, ном ва номи падар - 24 041 (соли 2020 - 19 803).

Аз фаъолияти кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар давраи ҳисоботӣ ба буҷети ҷумҳурӣ 14 713 639 (соли 2020 - 8 311 316) сомонӣ ворид гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2020 6 402 323 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар соли 2021 938 огоҳиномаи гарави молу мулки манқул аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба қайд гирифта шуд.

Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ 14 курси такмили ихтисос бо ҷалби 236 корманди Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистӣ, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, нотариусони давлатии идораҳои нотариалии давлатӣ ва 4 курси сайёр бо ҷалби 166 ҳуқуқшиноси хадамоти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва котибони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияҳои Қубодиён, Темурмалик ва Фархор баргузор намуд. Ҳамчунин 80 баромади телевизионӣ ва радио ба роҳ монда шуд.

Дар соли 2021 барои гузаронидани экспертизаҳои судӣ-криминалистӣ аз тарафи мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ, суд, прокуратура, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 6173 мавод ворид шудааст.

Ҳуқуқшиносони давлатии Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» дар давраи ҳисоботӣ ба 9110 шаҳрванд машварати ҳуқуқӣ пешкаш намуданд. Аз ин шумора 3243 мард ва 5867 занро ташкил дод, ки дар навбати худ 351 нафар шахсони маъюб мебошанд. Дар маҷмӯъ дар 34 шаҳру ноҳия 34 ҳуқуқшиноси давлатӣ фаъолият доранд.

Ба маркази ҳамоҳангсозии муассиса (колл-сентр) 252 занги телефонӣ оид ба дархости адвокат барои иштирок кардан дар парвандаҳои ҷиноятӣ ба қайд гирифта шуд, ки аз ин шумора 222 мард, 30 зан ва дар маҷмӯъ 40 нафар ноболиғро ташкил медиҳад.

Ба шуъбаи апостилгузорӣ ба ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ 2750 ариза ворид гардида, ба 4589 ҳуҷҷат апостил гузошта шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба Вазорат 7496 (дар соли 2020 - 5857) муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардид, ки ба ҳамаи онҳо дар муҳлатҳои муқарраргардида ҷавобҳои дахлдор дода шуд.

Аз шумораи умумии муроҷиатҳо 94 (дар соли 2020 - 94) муроҷиат ба воситаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоњи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 594 (дар соли 2020 - 423) муроҷиати хаттии шахсони воқеӣ, 345 (дар соли 2020 - 208) муроҷиати хаттии шахсони ҳуқуқӣ, 29 (дар соли 2020 - 42) муроҷиати электронӣ ва 2817 (соли 2020 - 1974) муроҷиат аз хориҷи кишвар ворид шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ рӯзҳои чоршанбе ва шанбе аз ҷониби вазир ва муовинони ӯ 220 (дар соли 2020 - 120) шаҳрванд қабул карда шудаанд.

Ҳамзамон тавассути хатти телефонии ройгони 3040-и назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 315 нафар шаҳрвандон оид ба масъалаҳои гуногуни ҳуқуқӣ муроҷиат намуданд.

Айни ҳол Вазорат дар амалисозии барномаҳои давлатӣ, стратегия, консепсияҳои зерин пайваста фаъолият дорад:

- Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, № 599 тасдиқ карда шудааст.

- Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, № 425 тасдиқ шудааст.

- Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, № 1005 тасдиқ шудааст.

Илова кунед: