Форуми сармоягузории Тоҷикистон-Россия

Санаи 15 сентябри соли ҷорӣ дар ш.Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистон-Россия баргузор гардид, дар он директори КВД “Қонуният”-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, дар мавзӯи Рақамикунонии хизмати давлатӣ, оид ба ислоҳоти системаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, ба ҳозирин мӯҳтавои системаи ҷоришаванда фаҳмонида дода шуд.
Бояд тазаккур дод, ки бо истифода аз системаи нави муосир тамоми минтақаҳои кишвари азизамон бархурдор бошанд.