Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мулоқоти муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон

20.12.2022

20 декабри соли 2022 мулоқоти муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон ҷаноби Осама Маккави Хогалӣ доир гардид.

Мавзӯи асосии мулоқоти мазкур муҳокимаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдакон  буд.

Муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои мавҷуда бо ЮНИСЕФ ва вобаста ба дастовардҳо дар ин самт маълумоти мушаххас пешниҳод кард.

Аз ҷониби роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон вобаста ба нақшаҳо ва қадамҳои минбаъда дар ин самт маълумот пешниҳодгардида, омодагии ЮНИСЕФ-ро ҷиҳати мусоидат дар амалӣ кардани чорабиниҳои ба нақша гирифташуда дар самти мазкур изҳор кард.

Мулоқот дар фазои дӯстона ва мутақобила судманд сурат гирифта ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки ҷиҳати бозҳам вусъат додани ҳамкориҳои дуҷониба чораву тадбирҳои мушаххас андешанд.

Илова кунед: