Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мулоқот бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин

07.04.2022

7 апрели соли 2022 мулоқоти Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзи Шумин баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкиму тавсеаи васеи ҳамкориҳои мутақобила дар самти фаъолияти мақомоти адлияи ҷонибҳо муҳокима гардиданд.

Вохӯрии мазкур дар фазои дӯстона баргузор гардида, дар раванди амалинамоии ҳамкории мутақобила дар оянда такони ҷиддӣ мебахшад.

Илова кунед: