Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

05.01.2022

5 январи соли 2022 таҳти раёсати Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардорони воҳидҳои сохтории Вазорат ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорат ва сохторҳои он дар соли 2021 ва муайян намудани вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2022 баргузор гардид.

Дар ҷаласа вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият, ҳисоботҳои сардорони сарраёсат, раёсату шуъбаҳо ва сохторҳои Вазорати адлия оид ба фаъолияти мақомоти адлия дар давраи ҳисоботӣ, мушкилоти ҷойдошта дар самти фаъолияти онҳо ва таклифу пешниҳодҳо оид ба ҳалли ин мушкилот шунида шуда, нақшаи дахлдори кори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Инчунин дар ҷаласаи мазкур аз ҷониби роҳбарияти Вазорат дар назди роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ҷиҳати иҷрои пайваста ва мунтазами дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми ҳарсола дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ, суханрониҳо дар чорабиниҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва умумиҷумҳуриявӣ бармеоянд, супоришҳои қатъӣ дода шуданд.

Ҳамзамон дар хусуси бартараф намудани камбудиву норасоиҳои дар соҳа ҷойдошта ва назорати иҷрои саривақтии супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи адлия, пурзӯр намудани корҳои таҳлилӣ ва ташкилӣ оид ба пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ таъкид карда шуд.

Воҳидҳои сохтории Вазорат уҳдадор карда шуданд, ки бо мақсади таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзу густариши арзишҳои фарҳанги миллӣ ва таъмини рушди босуботи ҷомеа корҳоро дар самти ташвиқу тарғиби донишҳои ҳуқуқӣ вусъат дода, баромади мунтазами кормандонро дар воситаҳои ахбори омма, ташкилотҳо ва маҳалҳои аҳолинишин таъмин намоянд.

Илова кунед: