Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба ҳадафи 16 Ҳадафҳои рушди устувори СММ

20.01.2022

21 январи соли 2022 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа вобаста ба иҷро ва амалӣ намудани нишондиҳандаҳои ҳадафи 16 Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид бо иштироки вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Асадулло Қурбон бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба амалигардонии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар самти волоияти қонун ва таъмини дастрасӣ ба адолати судӣ баромад кард.

Вобаста ба амалигардонии бандҳои дахлдори Барномаи зикргардида, аз ҷумла ҷорӣ намудани расмиёти содаи пешниҳоди шикоят ва даъво ба суд дар шакли электронӣ вобаста ба парвандаҳои гражданӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои давлатӣ тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ, такмил додани низоми расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба аҳолӣ, такмилдиҳии сиёсат ва механизмҳо оид ба пешгирӣ намудани ҳамаи шаклҳои табъиз ва зӯроварӣ ва пурзӯр кардани нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва дигар масъалаҳо иштирокчиён фикру андешаҳои худро иброз намуданд.

 

Ҳадаф аз баргузории ҷаласаи мазкур ин амалигардонии бандҳои дахлдори Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 мебошад, ки он дар навбати худ барои амалигардонии Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 ва иҷрои Ҳадафҳои рушди устувори СММ равона гардидааст.

Ҳадафҳои рушди устувори СММ ҳуҷҷати маҷмӯӣ буда, аз 17 ҳадаф иборат мебошад.

Ҳадафи 16 Ҳадафҳои рушди устувори СММ дар худ 10 ҳадафи асосӣ ва 23 нишондиҳандаро вобаста ба масъалаҳои волоияти қонун, адолати судӣ, мубориза бар зидди коррупсия, кам намудани тамоми шаклҳои зуроварӣ ва марг дар ҷомеа, пешгирии зуроварӣ дар оила ва нобаробарии гендерӣ, таҳкими адолат нисбати ноболиғон, хариду фурӯши инсон, дастрасии ҷомеа ба иттилоот, инчунин ташкили институтҳои шаффоф ва самаранокро ифода менамояд.

Илова кунед: