Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳеҷ неъмат беҳтар зи истиқлол нест

17.08.2022

 

Бигузор Истиқлол барои ҳар фарди соҳибдилу озодандеши кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад! Поянда бод Истиқлоли миллӣ ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон.

Эмомалӣ Раҳмон

 Бо шукргузори ва қаноатмандӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мекунем, ки дар давлати аҷдодии мо имрӯз сулҳу субот, озодӣ, истиқлол ва демократия пойдор аст.

Раванди давлатсозӣ дар арсаи таърих исбот намуд, ки бе истиқлол арзи ҳастӣ намудани давлатҳо зери суол мебошад. Маҳз вижагии хоси истиқлол мустақилияти кишварро дар арсаи байналмилалӣ ва эътирофи халқро ҳамчун дорои давлати миллӣ муаррифӣ менамояд.

Истиқлол ба саодату хушбахтӣ, рӯзгори ободу хони пурнеъмат, иттиҳоду ҳамърайъӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, соҳибихтиёрӣ, волоияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, огоҳи ёфтан аз таърихи аҷдодони худ, эҳсоси баланди ватандустӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва пешрафти бесобиқаи фаъолиятиро дар шароити амнияту озодӣ шароит фароҳам меоварад.

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди нави давлатдорӣ ва ҷаҳонишавӣ барои қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шароит фароҳам овард. Баъди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ миллати мо дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллатӣ соҳибтамадун ва дорои шиносномаи худ ҳамчун давлати мустақил эътироф намудаанд. Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ минбаъд низоми қонунгузории ҷумҳурӣ рушд намуда, ҷиҳати қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хоси миллӣ заминаи мусоидро фароҳам овард.

Бешак, амалияи татбиқи меъёриҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” нишон дод, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар, ки дар роҳи он маъракаву маросимҳои серхароҷот монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекарданд, инчунин паст намудани сатҳи ҷинояткориҳо байни ҷавонон ва наврасон санадҳои меъёрии ҳуқуқии мазкур нақши муҳим гузошта ба паст намудани сатҳи камбизоатӣ оварда расонид.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунад, ки: «Солҳои охир дар ҷаҳон як силсила тамоюлоти хатарнок, аз қабили таҳдиди терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори трансмиллӣ, тақлид намудан ба фарҳанги бегона, куркурона ва нодуруст истифода бурдани анъанаҳои миллӣ, роҳ ёфтан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрави иртиҷои қувват мегиранд, ки инҳо метавонанд ба оромиву суботи минтақа ва амнияти давлатии кишварҳои алоҳида, аз байн бурдани фарҳанги миллӣ таъсири ногувор мерасонанд. Аз ин рӯ, мову шумо бояд якҷоя хатари вусъатёбии ин амалҳои номатлубро пешгирӣ намоем, барои бақои тақдири миллат, таъмини ваҳдати миллӣ ва амнияти давлат, пойдории сулҳу субот ва оромии ҷомеа, роҳ надодан ба бегонапарастӣ ва фарҳанги бегона тадбирҳои мушаххас андешем.

Мо сиёсати пойдории сулҳу субот, ризоияти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ, бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, ки давлати тоҷикро аз нобудшавию миллатро аз парокандагӣ наҷот бахшид, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият мешуморем».

Бояд қайд намуд, ки имрӯз пойдории устувор ва рушди соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, аз заминаҳои мустаҳкамии Истиқлоли давлатӣ замина мегирад. Зеро инкишофи соҳаҳои болозикр аз дастовардҳои беназир ба шумор рафта, дар тӯли 31 соли Истиқлоли давлатӣ ба натиҷахои назаррас ноил гардидааст, ки ин ҳолат кишвари моро ба сӯи пешрафти босуботи иқтисоди ҷаҳонӣ ва нақши Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор ва бетараф набудан нисбати насли ояндасози ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҷаҳониён муаррифи гардонид.

Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 пешбини шудааст, ки ҳамчун кишвари дорои рушди устувор ва рақобатпазир аст, ки аҳолии он аз сатҳу сифати арзандаи зиндагӣ бо имкониятҳои баробар барои татбиқи нерӯи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиромгузорӣ ба шаъну шарафи инсон баҳра мебаранд, дар назар дошта шудааст.

Имрӯзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пайгири намудани вазифаҳои дар паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян шуда, дар даврони Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ, пеш аз ҳама, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат мунтазам чораҷӯйи намуда истодааст. Иҷрои ҳадафҳои стратегӣ ва самтҳои афзалиятнок, инчунин нақшаву чорабиниҳои дар стратегияву консепсияҳо ва барномаҳои давлатӣ пешбини шуда, кишвари моро аз нигоҳи замонавӣ пешрафта инъикос намуда самараи Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ мегардад.

Бинобар ин мо бояд ватанамонро сидқан дӯст ва Истиқлоли давлатии онро нигоҳ дошта, барои ноил шудан ба ҳадафҳои болозикр ба ватану миллатамон самимона хидмат намоем.

 

Зариф Умед Мирзомиддин,

сармутахассиси раёсати коргузорӣ

ва назорати Вазорати адлияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Илова кунед: