Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ

19.05.2022

 

             Дар асри технологияҳои иттилоотӣ ҳамаи созмонҳои террористӣ дар васоити ахбори умум шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолият намуда, кӯшиш менамоянд, ки ҷавононро ба тарафи худ ҷалб намоянд. Бо дарназардошти муҳимияти шабакаҳои иҷтимои ҳамҷун майдони амали ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ ба шаҳрвандон ва дигар субъектҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ лозим аст, ки дар ин майдон мавқеи онҳоро танг намуда, симои ифротии террористонро нишон диҳанд.

[1]Чуноне, ки аз шабакаҳои иттилоотӣ ба мо маълум аст, имрӯзҳо дар кишварҳои исломӣ миллионҳо мардуми мусулмон гурӯҳ-гурӯҳ молу мулк ва  шаҳру деҳоти худро, ки аз тарафи гуруҳҳои ифротгарои динӣ ишғол шудаанд, тарк карда, ба суи дигар давлатҳо мегурезанд, то ба зери ҳокимияти золимона ва даҳшатбори ҳизбу ҳаракатҳои ифротии динӣ намонанд. Бояд қайд намуд, ки мақсади ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ин аз байн бурдани давлатҳои мустақил, нобудсозии таъриху фарҳанг ва халқияту миллатҳо мебошад. Аъзоёни ин ҳизбу ҳаракатҳои навпайдои ифротӣ худашонро пайравони воқеии  ислом дониста, тамоми ибодатҳоеро, ки мусулмонон дар доираи мазҳабҳо анҷом медиҳанд, қабул накарда, танҳо  ба тарзи эҷодкардаи худ эътиқод, дошта ҳамаи фаҳмишҳои дигарро инкор мекунанд. Тавре аз зикри хатарҳои ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ маълум шуд, яке аз муҳимтарин барномаҳои онҳо аз байн бурдани давлатҳои мустақил бо ҳар роҳу воситаи имконпазири замони муосир ва таъсиси хилофати худ мебошад.

Дар замони муосир хатари ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ яке аз мушкилиҳои хатарнок ба ҳаёти одамон қарор гирифтааст, ки ин раванди номатлуб ҷомеаи башарро нигарон намуда, одатан тавассути зӯроварӣ баҳри воқеӣ гардонидани  ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешавад. Ин ҷараёни иртиҷоӣ доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Аз ин хотир шаҳрвандонро мебояд, зарурияти дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷониба нисбат ба  ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ намуда, фирефтаи ҳар гуна ваъдаю фиребҳои аъзоёни ин гурӯҳҳои ифротгаро нагарданд.                                   Ҷумҳурии Тоҷикистон узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, ҷараёни пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротиро яке аз  вазифаҳои муҳимтарини  таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳониён зери таваҷҷӯҳи махсус қарор дода, барои тақвияти минбаъдаи муштарак дар ин самт чораҳои таъхирнопазир меандешад.

[2]Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар паёмҳои худ доир ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав - ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ки дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир густариш пайдо карда истодааст, таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир намуда, қайд менамоянд, ки вазъи сиёсии сайёра боз ҳам печидаву муташанниҷ гардида, буҳрони молиявию иқтисодӣ  дар бисёр кишварҳои олам шиддат гирифтааст. Ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар минтақаву кишварҳои гуногуни олам торафт доман густурда, боиси ҳар рӯз ба ҳалокат расидани садҳо нафар аҳолии осоишта ва сарсону овора шудани ҳазорҳо одамони бегуноҳ гардидааст.

Ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ пеш аз ҳарвақта дар раванди авҷгирӣ қарор дошта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба мушкилиҳои ҳаёту фаъолияти инсоният дар шароити имрӯза табдил ёфтааст. Имрӯз ба ҳамагон маълум аст, хусусан тағйирёбии шабакаи умумиҷаҳонии интернет ҷараёни ҷаҳонишавиро вусъат бахшида, боиси бархурди тамаддунҳо гашта истодааст. Аз як тараф рушди шабакаи иҷтимоии интернет ба истифодабарандагони он барои мақсадҳои дуруст мусоидат карда, аз ҷониби дигар дар дасти ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ воситаи қавии гумроҳсозии аксарияти ҷавонон, тавассути ҷалби онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои терористиву ифротӣ гардида истодааст. Ин раванд барои амнияти кишвар ва минтақа хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад. Хатари аслии ин падида дар он аст, ки бештари ҷавонон таҳти таъсири таблиғоти он қарор мегиранд ва бо истифода аз дин  ба унвони  василаи расидан ба ҳадафҳои худ барои ривоҷи тундгароӣ дар ҷомеа ва инкори арзишҳои дунявии рушди ҷомеа мусоидат менамояд. Ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ хавфноктарин таҳдид ба асосҳои рушди муътадили муносибатҳои миллӣ, нажодӣ ва динӣ буда, боиси муноқиша, адовати тулонӣ ва тафриқаи динӣ дар кишварҳо мегарданд.

Чуноне имрӯзҳо ба ҳамагон маълум аст, яке аз омилҳои таҳдидкунанда ба сулҳу субот, оромию осудагӣ ва озодию якпорчагии  кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла кишвари тинҷу ороми мо, ин ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мебошанд, ки новобаста аз муборизаи шадид ва оштинопазири мақомоти дахлдор ба ҷомеаи мо таъсири манфии худро расонида истодаанд. Яке аз сабабҳои фирефта ва ба доми чунин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ афтидани ҷавонони мо, агар аз як тараф ин паст будани сатҳи дониш, аз ҷумла донишҳои динӣ ва ё кофӣ набудани он, надонистани забон, надоштани касб ва  надонистани арзишҳои аслии динӣ бошад, аз тарафи дигар шукргузорӣ накардан аз оромию осудагии кишвар, озодии мардум ва ба қадри истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ нарасидан мебошад.

Хулоса дар ҷомеаи  имрӯза ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари калон ба миён овардааст. Се нуқтаро Президенти мамлакат дар паёми худ хеле равшан баён намудаанд. Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусиятҳои зиёд пайдо кардани зуҳуроти хатарноки замони ҳозира, аз ҷумла ҷиноятҳои фаромиллӣ башариятро ба ташвиш овардааст ва ин моро водор месозад, ки ба масаълаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати махсус диҳем.

Бетарафӣ нисбати ин зуҳуроти номатлуби замони муосир боиси монеа ба рушди минбаъдаи давлат, ваҳдати миллӣ, истиқлоли давлатӣ ва бехатарии кишварҳо мегардад.

 

Тағойназарова Рушана: мутахассиси раёсати баҳисобгирӣ ва

бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии

Вазорати адлияи Ҷумњурии Тоҷикистон

 

 

 

[1] «Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва маводњо оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгарӣ)» Хуҷанд Хуросон, 2016 саҳ 2.

 [2] Сафархонзода Аббос: «Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм дар ҷомеаи муосир». Воситаи Таълимӣ Душанбе 2020 саҳ 6-7.

 

Илова кунед: