Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

«Нақши падидаи таҳлили таъсири танзимкунӣ дар пешгирии омилҳои коррупсионӣ»

08.08.2022

Таҳлили таъсири танзимкунӣ ин механизме, ки бо мақсади паст намудани монеаҳои маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ, баланд бардоштани сифати қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва беҳтар намудани фазои мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ равона шудааст. Тартиби мазкур барои таҳлили лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади муайян намудани муқарраротҳое, ки ба монеаҳои маъмурӣ ва дигар маҳдудиятҳо дар соҳаи соҳибкорӣ, инчунин хароҷотҳои беасос ҳам барои соҳибкорӣ ва ҳам барои буҷети давлатӣ, ки мушкилоти мавҷуда дар доираи танзимнамоии мазкур ҳалли худро меёбад, равона гардидааст.

Боиси зикр аст, ки яке аз талаботҳои таҳлили таъсири танзимкунӣ арзёбии хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ[1] мебошад.

Бо дарназардошти он, ки ҳангоми гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ механизми арзёбии хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ пурра танзими ҳуқуқии худро наёфтааст, дар асоси қонунгузорӣ дар самти муқовимат бо коррупсия арзёби намудани хароҷотҳои зикргардида мувофиқи мақсад мебошад.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки омили муҳимтарине, ки ба сатҳи коррупсия дар ҷомеа таъсир мерасонад, самаранокии истифодаи воситаҳои ҳуқуқӣ мебошад. Мутобиқи банди 3 моддаи 5 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар соли 2006[2] ба тасвиб расидааст, ҳар як давлати иштирокчӣ кўшиш менамояд ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии дахлдор ва чораҳои маъмуриро бо мақсади муайян кардани мутаносибии пурраи онҳо ҷиҳати пешгирии коррупсия ва мубориза бар зидди он мунтазам баҳо диҳад, бо эҷод намудани меъёрҳои ҳуқуқӣ пеши роҳи онро гирад.

Аз соли 2012 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» қабул карда шуд, ки дар моддаи 5 омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия муайян карда шудааст. Ин омилҳои муайяншуда аз ҷумла, васеъ будани доираи ваколатҳои додашуда, муайян кардани салоҳият аз рўи қоидаи «ҳуқуқ доштан», интихобан тағйир додани доираи ҳуқуқҳо, озодии аз ҳад зиёди меъёрэҷодкунии санадҳои зерқонунӣ, қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ берун аз доираи салоҳият, ихтилофҳои меъёрӣ, мукаммалгардонии норасоиҳо дар қонунгузорӣ тавассути санадҳои зерқонунӣ бидуни ба таври қонунгузорӣ ваколатдор шудан, мавҷуд набудан ё нопуррагии расмиёти маъмурӣ, даст кашидан аз расмиёти баргузории озмунҳо, мавҷудияти талаботи барзиёд нисбат ба шахсе, ки ҳуқуқҳои худро амалӣ мекунад, меъёрҳои имконияти сўистифода намудани ҳуқуқро аз ҷониби мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё шахсони мансабдори онҳо бавуҷудоваранда ва номуайянии ҳуқуқию лингвистӣ (забонӣ) ба шумор мераванд.

Субъектони таҳиякунанда пеш аз он, ки лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро таҳия менамоянд, бояд ба омилҳои хусусияти коррупсионидошта дар лоиҳаи онҳо роҳ надиҳанд.

Дигар санади асосие, ки субъектони таҳиякунандаи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд ба инобат гиранд, мутобиқ будан ба бандҳои 13, 14 ва 15 «Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаҳои онҳо, арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мебошад. Таҳиякунандагон арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаро гузаронида, натиҷаи онро дар маълумотномаи асосноккунанда бо нишон додани ҳолатҳои пешбинишаванда, баён намудани мақсади танзими ҳуқуқии санади мазкур, меъёри баҳодиҳии ҳолати иҷрои нишондиҳандаҳо ва омилҳое, ки ба хусусияти коррупсиондошта оварда мерасонад, дарҷ менамоянд.

Нақши таҳлили таъсири танзимкунӣ дар пешгирии омилҳои хусусияти коррупсионидошта дар соҳаи соҳибкорӣ дар се маврид ҳангоми таҳияи огоҳиномаи нақшаи таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, омода намудани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ доир ба он ва ҳангоми гузаронидани машваратҳои оммавӣ, ки дар Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешаванд, ба назар мерасад.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки коррупсияи оммавӣ асосан тавассути санадҳои сифати паст ва нокомил имконпазир аст. Аз ин лиҳоз, ҳангоми муқовимат ба коррупсия, падидаи таҳлили таъсири танзимкунӣ ҳамчун роҳи нав барои ошкор сохтани оқибатҳои эҳтимолии ғайричашмдошт ва ё хароҷоти пинҳонии ба талаботи меъёрӣ вобаста дар ҳуҷҷати тасдиқшуда ошкорро инъикос карда мешавад. Мутобиқи банди 18 Консепсияи таҳлили таъсири танзимкунӣ таҳлилҳои мазкур барои тавсифоти миқдорӣ, бо ифодаи пулӣ инъикос намудани фоидаю хароҷот, инчунин мушаххас кардани оқибатҳои таъсиррасонии ба ҷомеа, давлат ва субъектони хоҷагидор мувофиқи мақсад мебошад. Яъне таҳиякунанда дар таҳлили таъсири танзимкунӣ шаффофият ва ошкоро бо ифодаи пулию сифатӣ, миқдорӣ хароҷоти лоиҳаи мазкурро аз буҷети давлатӣ ва хароҷотҳои соҳибкорон, инчунин оқибати дар амал татбиқ намудани лоиҳаи пешниҳодшударо содаву фаҳмо дарҷ менамояд, ки он дар асоси усули таҳлили иқтисодӣ тавассути модели стандартии хароҷот муайян карда мешавад. Талаботи муқарраршуда омили хусусияти бавуҷудоварандаи коррупсия, ки пешбинӣ намудани имконияти бо салоҳдиди мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (шахсони мансабдори онҳо) содир намудани амалҳо нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешгири намуда, ошкоро ифшо намудани хароҷотҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва соҳибкорон, инчунин таъмин намудани ҳуқуқҳои  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ба дастраси ба иттилоот амалӣ менамояд.

Дар баробари ин, Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон[3] ҳамчун воситаи таҳрири электронӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ маълумоти муҳим ба ҳисоб меравад. Бояд қайд кард, ки дилхоҳ лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири имконпазир мерасонад, бояд огоҳиномаи он ва дар мавриди дуюм бошад, таҳлили таъсири танзимкунӣ бо лоиҳаи он дар Портали мазкур мавриди машварати оммавӣ қарор гирад.

Ҳамзамон, лозим ба таъкид аст, ки барои ҷалби бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷараёни тарҳрезӣ ва амалигардонии сиёсати зиддикоррупсионии давлат, таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини дастрасӣ ба иттилоот, ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи шахсони дар мубориза ба коррупсия мусоидаткунанда, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва фазои оштинопазирӣ ба коррупсия татбиқи чорабиниҳои дар Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муқарраршуда мувофиқи мақсад мебошад.

 

[1] Ниг.Моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз 30 майи соли 2017, №1414.

[2] Ниг. Ахбори Маљлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2008, №4, мод.341.

[3] Ниг. Банди 27 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 2015, №673.

 

Зариф Умед Мирзомиддин,

сармутахассиси раёсати коргузорӣ

ва назорати Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илова кунед: