Амалишавии консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тараққиёт ва истифодаи васеи технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ тамоили глобалии рушди ҷаҳонӣ ва инқилоби илмию техникии даҳсолаҳои охир маҳсуб меёбад[1]. Бо пешрафти ҷомеа муносибатҳои ҷамъиятӣ рушд намуда, зарурати дар шакли муосир ва ба талабот ҷавобгу танзим ёфтани муносибатҳо ва бо дар назар доштани рушди технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ қадам гузоштанро тақозо менамояд. Имрӯзҳо давлатҳои ҷаҳон кушиш ба харҷ дода истодаанд, ки ҳарчи зудтар бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ ва комуникатсионӣ рушд намуда, ҷаҳонро идора намоянд.
Агар ба таърихи пайдоиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ назар афканем, дар чил соли охир рушди бемайлони он зиёд ба назар мерасад. Баъди солҳои 90-уми дар ҷаҳон системаи нави моҳворавие пайдо шуд, ки имрӯз бе истифодаи он тасаввур намудани зиндагӣ душвор мегардад[2].
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз соли 2003 рушди технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ ба назар расида, ба тадриҷ ишкишоф ёфт. Глобализатсия ва рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа тағйироти кулли овард.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст даровардани истиқлоли сиёсиву ҳуқуқӣ ва қабули Конститутсия заминаи ҳуқуқӣ барои дигар соҳаҳо ҳаёти ҷомеа муҳайё шуд. Стратегияи давлатии "Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003, №1174 тасдиқ шудааст, қабул намуд. Стратегияи мазкур барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои ташкилӣ, иқтисодӣ ва молиявии баамалбарориро, ки асоси онҳоро принсипҳои муносибати барномавию мақсадноки тибқи мониторинг ва шаффофии иҷрои онҳо ташкил медиҳанд, муайян намуд, ки ҳамчун омили муҳимтарини болоравии иқтисодиёти миллӣ, афзоиши фаъолияти корию зеҳнии ҷамъият, баландшавии обрӯю эътибори мамлакат дар арсаи байналмилалӣ миёни кишварҳои пешрафта заминаи рушдро фароҳам овард[3].
Бояд қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 апрели соли 2013 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукумати мамлакатро вазифадор намуда буданд, ки дар доираи созмонҳои минтақавӣ ҷиҳати пайваст шудан ба шабакаҳои байналмилалии коммуникатсионӣ ва ташкили шабакаҳои нави мутобиқ ба меъёрҳои муосир чораҳои зарурӣ андешад[4].
Маҳз андешидани тадбирҳои муассир баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо шароити дар фазои мустақили иттилоотиву коммуникатсионӣ фаъолият намуданро рӯи кор омад. Бо дарназардошти муҳимияти масъалаи мазкур гузариш ба технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ имрӯзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор намудаст, ки раванди кори мақомоти давлатиро дар шакли муосир, яъне ба тариқи электронӣ ба роҳ монад.
Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, № 643 тасдиқ шудааст, яке аз санадҳое мебошад, ки бо мақсади ноил гардидан ба идоракунӣ соҳаҳо бо истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, баланд бардоштани сатҳи сифат ва дастрас будани хизматҳои иҷтимоие, ки ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо расонида мешаванд, сатҳи дастрасӣ ба иттилоот, ташаккули низоми ягонаи табодули иттилоотӣ ва ҳавасмандкунии иқтисодии бо истифода аз Интернет ва технологияҳои муосири технологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад[5].
Мувофиқи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зери мафҳуми ҳукумати электронӣ шакли нави ташкил намудани фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки аз ҳисоби истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ сатҳи нави фаврият, муносиб аз ҷониби шаҳрвандон ва муассисаҳо дарёфт намудани хизматҳои иҷтимоиву иттилоотӣ дар бораи натиҷаҳои фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таъмин мекунад, фаҳмида мешавад[6].
Агар ба таърихи мафҳуми «ҳукумати электронӣ» назар афканем, аз калимаи англиси electronic governmentn гирифта шуда, ба маънои «ҳукумати марказӣ» ё «ҳукумати рақамӣ» -ро ифода менамояд. Ҳануз соли 1997 дар ИМА дар Фонди миллии илмӣ калимаи «ҳукумати рақамӣ» истифода бурда шуда, ки минбаъд калимаи «ҳукумати электронӣ» - ро гирифт.
Ҳукумати электронӣ дар худ истифодаи иттилоот ва технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар сатҳи гуногуни мақомоти ҳокимияти давлатӣ, инчунин ҳангоми савдо ва ҳаёти ҷамъиятӣ бо мақсади амалинамоӣ ва баланд бардоштани сатҳи идоракунӣ фаҳмида мешавад.
Бояд қайд кард, ки маҳз рушди иқтисоди сабз бо дар назар доштани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ яке аз маҳакҳои пешрафти кишвари азизамон ба ҳисоб рафта, ба воситаи он расидан ба ҳадафи чоруми стратегияи миллӣ – саноатикунонӣ оварда мерасонад, ки ба воситаи иқтисодиёти рақамӣ амалӣ гашта, боиси пешрафти фаъолияти бахши хусусӣ мегардад[7].
Ташкил кардани ҳукумати электронӣ, вазифаҳои ба ҳам алоқамандро ҷиҳати беҳтар намудани ҳамкориҳои мутақобила дар дохили мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, идоракунӣ дар асоси ҳуҷҷатгузории бекоғаз, инчунин таъмини татбиқи бештаре аз вазифаҳои идоракунии давлатиро, ки ба ҳамкории мутақобилаи дастгоҳи давлатӣ бо субъектҳои боқимондаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар заминаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ равона гардидааст, дар бар мегирад. Имрӯз мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо кушиш ба харљ дода истодаанд, ки ба системаи ҳуҷҷатгузории байниидоравӣ ворид шаванд. Бо мақсади амалишавии Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ имрӯзҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо махсус барномаҳо таъсис ёфта истодаанд, ки барномаи мазкур масъалаи мубодилаи иттилоотро дар вазорату идора ё дар дохили худи ташкилоту муассиса амал менамояд.
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар вазорату идораҳо ҷиҳати амалишавии Консепсияи болозикр чораҳо меандешад. Бо дастгирии шарикони рушд барномаи махсусе таъсис дода шудааст, ки ҳуҷҷатҳо ба тариқи электронӣ байни сохторҳои вазорат мубодила шуда, шароити зарурии иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳайё менамояд.
Барномаи мазкур дар сомонаи интернет фаъол буда, танҳо истифодабарандагон ҳуқуқ доранд, ки аз он истифода намояд.[8]. Барнома имконият медиҳад, ки барои амалӣ намудани мубодилаи муҳофизатшудаи иттилоияҳои электронӣ, бо ишораи маҳдудкунандаи «Барои истифодаи хизматӣ» имконият фароҳам оварда шавад.
Бояд қайд намуд, ки дар асоси барномаи мазкур амали намудани фаъолияти коргузорӣ ва назорати ҳуҷҷатҳо имкони хубе ҳам барои кормандони раёсати коргузорӣ ва назорати иҷро, инчунин барои шахси масъуле, ки ҳуҷҷат ба ӯ вобаста карда шудааст, мушаххас мебошад. Муҳимияти хоси барномаи мазкур дар он аст, ки дар баробари фаъолияти шахсони дорои рамз ва логин дошата, инчунин роҳбарият оид ба иҷрои супоришҳо бевосита метавонад назорат намояд. Як бартарии дигари барномаи мазкур дар он аст, ки ба таври худкор (автоматӣ) ҳуҷҷатҳое, ки муҳлати иҷрои онҳо наздик омадааст ё иҷро нагардидааст, тавассути огоҳнамоии ранга иҷрокунандаро ҳушдор дода, муҳлати иҷрои онро хотиррасон менамояд.
Дар баробари коргузории электронӣ, инчунин, пешбурди низоми ягонаи коркарди иттилоот дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ барномаҳо сохта, бақайдгирии саривақтии сабти аснодро таъмин намуда, омори дақиқи сабти таваллуд, вафот, муқаррар намудани падарӣ, никоҳ ва бекор кардани он, фарзандхондӣ, инчунин ивази ному насабро ба тариқи электронӣ ба роҳ монда шудааст.
Мақсад ва ҳадафҳои таъсиси низоми ягонаи коркарди иттилоот дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ташкили базаи ягонаи марказонидашудаи ҳуҷҷатҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ба шакли электронӣ гузаронидани тамоми ҳуҷҷатҳои сабт (бақайдгирии таваллуд, вафот, ивазнамоии ному насаб ва ғайра), ба шакли электронӣ гузаронидани тамоми бойгонињои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (оцифровка архивов), ки тибқи қонун бояд муҳлати 75 сол нигоҳ дошта шаванд (теъдоди умумии онҳо ба 35 млн адад мерасад), бо ҳамдигар пайвастан ва ташаккули низоми ягонаи электронии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ мебошад.
Боиси зикр аст, ки “Дастгирии ислоҳоти низоми сабти асноди шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо истифодабарии таҷҳизоти шабакавӣ барои сари вақт сабт намудани асноди ҳолати шаҳрвандӣ, таъмини устувории фаъолияти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ буда, яке аз самтҳои наздикшавӣ ба талаботҳои ҳукумати электронӣ мебошад.
Дар асоси омӯзиши гузаронидашуда дар соли ҷорӣ ҷиҳати ташкили заминаи ҳуқуқӣ барои рақамикунонии фаъолияти нотариалӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нотариати давлатӣ” тағйиру иловаҳои дахлдор пешниҳод карда шуд.
Инчунин саридораи нотариалӣ дар ин самт ҷиҳати ҷорӣ кардани барномаи низоми иттилоотии ягонаи нотариат “НИЯ НОТАРИАТ”, дар шакли пилотӣ корҳои муайянро ба итмом расонида, ҳамчун қадами аввалин дар низоми мазкур, барномаи автоматикунонидашудаи электронӣ барои пешбурди ҳисоботи омории нотариусонро сохта, аз моҳи январи соли ҷорӣ фаъолият намуда истодааст.
Зариф Умед Мирзомиддин,
сармутахассиси раёсати коргузорӣ
ва назорати Вазорати адлияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон