Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ба истифода додани маркази адлия дар ноҳияи Роштқалъа

28.09.2021

28 сентябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа бинои замонавии маркази адлияро мавриди истифода қарор доданд.

Сохтмони бинои мазкур моҳи апрели соли 2020 оғоз гардида, моҳи августи соли 2021 пурра ба анљом расидааст.

Бинои маркази адлия дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати умумии 0,06 га сохта шудааст.

Иншоот аз ду ошёна бо таҳхона иборат мебошад. Дар ошёнаи якум даромадгоҳ, ҳуҷраи гузаронидани маросими ақди никоҳ, ҳуҷраи мудири бахши САҲШ, ҳуҷраҳои кории кормандон ва дар ошёнаи дуюм китобхона, ҳуҷраи кории нотариусҳо, ду ҳуҷраи кории бюрои ҳуқуқи ва кормандони низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҷойгир карда шудааст. Ҳамаи ҳуҷраҳо бо лавозимоти корӣ мучаҳҳаз гардонида шудааст.

Дар ҳавлии бино истгоҳи барқӣ бо трансформатори иқтидораш 63кВт насб карда шудааст.

Системаи обрасонии бино бо хатти обрасонии (оби нушокӣ) алоҳида ва гармидиҳии бино тавассути шабакаи гармидиҳии ангишти таъмин карда шудааст.

Бар замми  ин, дар ҳавлии бино роҳравҳо бо плиткаи сементӣ пўшонида шуда, равшандиҳии беруна таъмин ва ќисмати пеши бино кабудизор карда шудааст.      

Таҳхонаи бино ҳамчун бойгонӣ барои нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои нотариалӣ, китобҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳим пешбинӣ ва бо таҷҳизоти зарурї муљаҳҳаз гардидааст.

Хатти алоқаи беруна ва интернет ба дохили бино пайваст карда шуда, бо ду рақами телефон муљаҳҳаз шудааст.

Бино бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ бунёд шуда, ба атроф зебоӣ зам намудааст.

Илова кунед: