Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

БА КӮШИШҲОИ НООРОМСОЗИҲО НУҚТА ГУЗОРЕМ

26.11.2021

 Мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд таъмини сулҳу суботи давлати худро дарк намуда, дар рушду камоли он саҳм гузорем. Расидан ба сулҳ ва ба даст овардани оромию осоиштагии комил дар ҷомеа кори саҳву сода нест, чунки оромию осоиштагӣ дар ҷомеа на танҳо сулҳу осоиштагиро таъмин менамояд, балки ба пешрафту тараққиёти ҳамаҷонибаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварда, кафолати солимии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Танҳо дар устувор будани сулҳу оромӣ душвориҳо ва монеаҳоро бартараф карда метавонем, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба масири пешрафту тараққиёт қадам мегузорад. Аз ин рӯ мо шаҳрвандон бояд монеи ин нашавем ва ба ҳар кӯшишҳои нооромсозиҳо ба хотири зиндагии осудаи худ ба он нуқта гузошта, ҳаргиз фаромӯш накунем, ки мо бо кадом душвориҳо истиқлол, сулҳу ваҳдатро ба даст овардем. Мо бояд дурандеш бошем ва бо чашми сар бубинем, давлатҳое ҳастанд, ки чангу ноороми фарогири онҳост, мардум бесарпаноҳ аст, кӯдакон имконият ва шароити таълим надоранд, маводи озуқаворӣ намерасад, ҳама гуреза шуда, ба давлатҳои ҳамсоя паноҳ мебаранд. Ин барои мо исботи онро мекунад, ки ҳама кӯшиши худро баҳри оромӣ ва ободии кишвари азизамон дареғ надорем.

         Имрӯзҳо мо шоҳиди моҷарои ғайриқонуние ҳастем, ки дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задааст, ки оқибати ин ҳодиса натиҷаи манфии худро ба пешрафту ободии кишварамон мерасонад ва қувваҳои бадхоҳе ҳастанд, ки тарафдори чунин моҷароҳо мебошанд. Мо бояд дар ҳама ҳолат  дар чорчӯбаи қонун амал намоем. То ин ки якдилию якпорчагиро аз даст надиҳем.

         Хулоса, мо бояд тамоми фаъолияти хешро, пеш аз ҳама, ба ҳифзи сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, ҳимояи Истиқлоли давлатӣ, фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагии аҳолӣ ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯйи Ватани азизамон равона созем.

 

Рустамзода Умед,

устоди калони кафедраи ҳуқуқи граждании

Донишкадаи такмили ихтисоси

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тољикистон

Илова кунед: