Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

24.08.2021

25 августи соли 2021 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарону намояндагони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ супориданд.

Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” 18 нафар бо медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 1 нафар бо ордени Спитамен дараҷаи 1, 5 нафар бо ордени Спитамен дараҷаи 2, 10 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 2, 13 нафар бо медали Ҷасорат, 14 нафар бо медали Хизмати шоиста, 1 нафар бо медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон, 4 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Ҳамин тавр, дар фазои тантанавӣ барои дастовардҳои баланди хизматӣ ва фаъолияти самаранок бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2021, №214 Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Музаффар Ашуриён бо медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ карда шуданд.

 

 

Инчунин дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафуров Ҷурабек Сафарбегович – муовини сардори раёсати робитаҳои байналмилалии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали Хизмати шоиста ва Гулов Искандар Саидович – муовини сардор оид ба кор бо ҳайати шахсии муассисаи ислоҳии ЯС 3/4 бо медали Ҷасорат сарфароз гардиданд.

 

Илова кунед: