Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Дастгирии рушди соҳибкорӣ ва муқовимат ба коррупсия

14.11.2022

Мусоидат ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ чун заминаи муқовимат бо коррупсия ба њисоб меравад. Дар шароити имрӯза Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пуррагӣ ин ҷиҳати масъаларо дарк намудаанд, ки танҳо рушди иқтисодиву иҷтимоӣ заминаи боэътимодеро барои муқовимат бо коррупсия фароҳам менамояд. Бинобар ин, тадриҷан дастгирии иҷтимоии кормандони соҳаи хизмати давлатӣ боло рафта истодааст. Ба андешаи мо, беҳтар шудани вазъи иқтисодии кишвар ба ин раванд мусоидати бештаре дошта метавонад. Аз ин рӯ, иқдомҳои амалӣ барои дастгирии рушди соҳибкорӣ ба роҳ монда шудаанд, ки метавонанд заминаи устувори иҷтимоӣ ва рафъсозандаи шароитҳои зуҳури коррупсия гарданд.

Дар ин замина бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоя, ташкили ҷойҳои корӣ ва кам намудани санҷишҳо, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармон Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ аз 16 марти соли 2022, №362  ба табъ расид, ки тибқи банди 1 он ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ то 1 январи соли 2023 мораторий эълон карда шуд.

Мақсади асосии он бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ дониста мешавад. Эълони мораторий барои як қатор соҳаҳои соҳибкорӣ иқдоми муҳиме барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодии кишвар дониста мешавад. Дар ин маврид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 21 декабри соли 2022 чунин баён намуданд: “Дар замони истиқлолият аз ҷониби давлату Ҳукумат ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, то имрӯз ба соҳибкорону сармоягузорон зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод карда шуданд ва шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1, муҳлати бақайдгирӣ аз 49 то 3–5 рӯз кам карда, ба таври ройгон ба роҳ монда шуд.

Дар Кодекси андоз дар таҳрири нав, ки амали он аз якуми январи соли 2022 оғоз мегардад, бо мақсади саноатикунонии босуръати кишвар, рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва ба ин васила ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ аввалин маротиба дар даврони соҳибистиқлолӣ на танҳо имтиёзу сабукиҳои зикргардида нигоҳ дошта шуданд, балки бо вуҷуди таъсири манфии онҳо ба қисми даромади буҷети давлатӣ боз иловатан сабукиҳои зиёд пешниҳод гардидаанд.”

Боиси ёдоварист, ки нақши Пешвои миллат дар самти муқовимат бо коррупсия хеле назаррас мебошад. То ба имрӯз иқдомҳои хеле ҷиддӣ аз ҷониби Сарвари давлат дар самти муқовимат бо коррупсия ба роҳ монда шудаанд. Албатта, сифати иҷрои онҳо аз субъектҳои мухталиф, аз ҷумла аз ҳар яки мо вобастагӣ дорад. Агарчанде иқдомҳои пешгирифта муҳим ва рӯзмарра ба шумор мераванд, амалӣ намудани онҳо ҷиддият, давомнокӣ ва масъулияти кулли субъектҳои баамалбарорандаро талаб мекунад. Иқдомҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти муқовимат бо коррупсия дастгирии аҳли ҷомеа, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомоти давлатӣ ва тамоми хизматчиёни давлативу ҷамъиятиро талаб менамояд. Зарур мешуморем, ки ҳар як шахси худогоҳ бо назардошти ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат, тамоми саъю кӯшиши худро барои ободонии Тоҷикистон равона созад ва бо дилу нияти соф, масъулиятшиносӣ, ҳалолкорӣ, садоқат ба халқу миллат, амонатдорӣ ва адолатпешагӣ фаъолияти хешро ба роҳ монад.

Зуҳуроти паҳнгаштатарини коррупсия порагирӣ ва ришвахурӣ  ситонидани маблағи пулӣ барои иҷро кардан ё накардани амале, ки ба салоҳияти шахси мансабдор дохил мешавад, аз шахсони барои чунин хизматрасонӣ ва афзалиятҳои рақобатпазирӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ манфиатнок мебошад. Дар хориҷа маъмул гаштааст, ки чунин зуҳуротро фақат бо фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд намоянд, вале дар кишвари мо ин воқеият ҳамаи қишрҳои корафтодагони аз салоҳияти мансабдорон вобастаро таъсир расонидааст

Пешвои миллат маъмулан дар суханрониҳои худ хизматчиёни давлатӣ ва мардуми кишварро ба ҳалолкориву поквиҷдонӣ, масъулиятшиносӣ, бо дилу нияти пок кору фаъолият намудан ва содиқона хизмат кардан даъват менамояд. Ба андешаи мо, риояи ин арзишҳои муҳими маънавӣ метавонад заминаи муҳими пешгирӣ ва рафъи коррупсия дар кишвар гардад. Танҳо бо арзишмеҳварӣ ва шинохту амалӣ намудани чунин арзишҳои муҳими ҷамъиятиву маънавӣ чун адолатнокӣ, амонатдорӣ, ҳалолкорӣ, поквиҷдонӣ, масъулиятшиносӣ ва қаноатпешагӣ мо метавонем зуҳури амалҳои коррупсиониро паст намоем. Риояи ин арзишҳои муҳим метавонад шаҳрвандон ва хусусан хизматчиёни давлативу ҷамъиятиро аз ворид шудан ба муносибатҳои коррупсионӣ боздорад. Аз ин рӯ, тарғибу ташвиќи ин арзишҳо муњимияти сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро дар самти муқовимат бо коррупсия ташкил медиҳад.

Ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли ҷомеа дар самти муқовимат бо коррупсия дар шароити имрӯза яке аз омилҳои самаранокии муқовимат бо коррупсияро  ба ин раванд ташкил медиҳад. Дар сиёсати зиддикоррупсионии кишвар ба масъалаи ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат бо коррупсия таваҷҷӯҳи махсус карда шудааст.  Имрӯз шароити ҳуқуқии ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли ҷомеа дар муқовимат бо коррупсия фароҳам оварда шудааст. Ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонанд дар рушди тафаккури таҳаммулнопазирӣ бо коррупсия, таъмини шаффофият, боло бурдани маърифати ҳуқуқии мардум, дастгирии иқдомҳои зиддикоррупсионӣ ва дигар паҳлӯҳои ҳалли мушкилоти коррупсия саҳми беандозаи худро гузоранд.

 

Д. Раҷабзода – мутахассиси  пешбари раёсати ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Илова кунед: