Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ифтитоҳи бинои маркази адлия ва майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Дарвоз

27.09.2021

27 сентябри соли 2021 Президенти Љумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Анҷираки ноҳияи Дарвоз бинои замонавии маркази адлия, майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдаконро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои маркази адлия дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати умумии 0,161 га сохта шудааст. Иншоот аз ду ошёна бо таҳхона иборат мебошад ва дорои 7 ҳуҷраи корӣ барои фаъолияти кормандони идораи нотариалии давлатӣ, кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, толори зебою муҷаҳҳази ақди никоҳи навхонадорон ва толори машваратии ройгони ҳуқуқӣ мебошад.

Толори ақди никоҳ, ҳуҷраи роҳбарият, равзанаи ягона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон дар ошёнаи якуми бино мавҷуд буда, китобхона, идораи нотариуси давлатӣ ва дигар ҳуҷраҳои корӣ дар ошёнаи дуюм ҷойгир шудаанд, ки дорои тамоми шароити муосир мебошанд.

Дар толори машварати ҳуқуқӣ сокинони ноҳия имкон доранд аз ёрии ройгони ҳуқуқӣ баҳравар гарданд.

Барои кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ошёнаи якум шароити хуби корӣ муҳайё карда шудааст. Дар китобхонаи маркази адлия асарҳои бадеӣ ва соҳавӣ барои пешбурди кор ва рушди зеҳнии кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва нотариуси давлатӣ фароҳам оварда шудааст.

Таҳхонаи бино ҳамчун бойгонӣ барои нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои нотариалӣ, китобҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳим пешбинӣ гардидааст.

Дар ҳавлии бино истгоҳи барқӣ бо трансформатори иқтидораш 63кВт насб карда шудааст.

Бинои марказ бо системаи алоҳидаи гармидиҳӣ тавассути дегхонаи  ангиштӣ ва системаи обрасонии бино бо хатти обрасонии (оби нушокӣ) алоҳида таъмин карда шудааст.

Хатти алоқаи беруна ва интернет ба дохили бино пайваст карда шуда, бо ду рақами телефон муҷаҳҳаз шудааст.

Дар вақти сохтмон 35 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин шуданд.

Бино бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ бунёд шуда, ба атроф зебоӣ зам намудааст.

Майдончаи варзишӣ дар масоҳати 280 метри мураббаъ сохта шуда, дорои шароити хуби машғул гардидан ба бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол мебошад.

Майдонча дар доираи сиёсати варзишпарваронаи Сарвари давлат бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби Вазорати адлия бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст.

Дар қисми дигари замини ҷудогардида майдончаи бозии кӯдакону наврасон бунёд ёфтааст, ки бо таҷҳизоти дилхушии кӯдакона муҷаҳҳаз мебошад.

Шароити фароҳамгардида дар иншооти мазкур масъулияти кормандонро дар самти ҳуҷҷатгузории нотариалӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон бештар мекунад.

 

Илова кунед: