Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҷараёни иҷрои қонунгузорӣ дар самти фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»

30.11.2021

 

Дар асоси нақша чорабиниҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи ҳуқуқи инсон 30 ноябри соли 2021 дар бинои Вазорат бо иштироки намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҷараёни иҷрои қонунгузорӣ дар самти фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»-ро доир гардид.

Дар чорабинии мазкур масъалаҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дастовардҳо дар даврони Истиқлоли давлатӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа, ба роҳ мондани ҳамкориҳо байни мақомотҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, амалӣ намудани ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид ва ба роҳ мондани корҳои тарғибу ташвиқ дар байни аҳолӣ, баррасӣ карда шуданд.

Ҳамчунин дар ин чорабинӣ намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз масъалаҳои алоҳидаи таҳкими ҳамкорӣ байни мақомоти адлия ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи амалисозии ҳуқуқ дар соҳаи фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, таҳкими муколама ва мизҳои мудаввар бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иҷрои ҳадафҳои стратегии мамлакат изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дар маҷмӯъ, мизи мудаввар дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.

Илова кунед: