Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Кушодашавии бинои маркази адлия дар ноҳияи Балҷувон

22.09.2021

22 сентябри соли 2021 дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон аз ҷониби вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон Нусратулло Давлатзода ва раиси ноҳияи Балҷувон Ҷалилзода Шералӣ  бинои замонавии маркази адлия мавриди истифода қарор дода шуд.

Сохтмони бинои мазкур моҳи октябри соли 2019 оғоз гардида,  моҳи августи соли 2021 пурра ба анҷом расидааст.

Бинои маркази адлия дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати умумии 0,06 га сохта шудааст.

Иншоот аз ду ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якум даромадгоҳ, ҳуҷраи гузаронидани маросими ақди никоҳ, ҳуҷраи мудири бахши САҲШ, ҳуҷраҳои кории кормандон, бойгонӣ ва дар ошёнаи дуюм китобхона, бойгонӣ, ҳуҷраи кории нотариусҳо, ду ҳуҷраи кории бюрои ҳуқуқӣ ва кормандони низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҷойгир карда шудааст. Ҳамаи ҳуҷраҳо бо лавозимоти корӣ  муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Дар ҳавлии бино истгоҳи барқӣ бо трансформатори иқтидораш 63кВт насб карда шудааст.

Бар замми  ин, дар ҳавлии бино роҳравҳо бо плиткаи сементӣ пўшонида шуда, равшандиҳии беруна таъмин ва қисмати пеши бино кабудизор карда шудааст.     

Хатти алоқаи беруна ва интернет ба дохили бино пайваст карда шуда, бо ду рақами телефон муҷаҳҳаз шудааст.

Бино бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ бунёд шуда, ба атроф зебоӣ зам намудааст.

Илова кунед: