Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Кушодашавии маркази адлия дар ноҳияи Рӯшон

27.09.2021

 

Дар нимаи дуюми рӯзи 27 сентябри соли 2021 дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон аз ҷониби вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон - намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон Азим Иброҳим ва раиси ноҳияи Рӯшон Додхудо Фаррух Муборакшо бинои замонавии маркази адлия мавриди истифода қарор дода шуд.

Сохтмони бинои мазкур моҳи марти соли 2020 оғоз гардида,  моҳи августи соли 2021 пурра ба анљом расидааст.

Бинои маркази адлия дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати умумии 0,055 га сохта шудааст. Иншоот аз ду ошёна бо таҳхона иборат мебошад. Дар ошёнаи якум даромадгоҳ, ҳуҷраи гузаронидани маросими ақди никоҳ, ҳуҷраи мудири бахши САҲШ, ҳуҷраҳои кории кормандон ва дар ошёнаи дуюм китобхона, ҳуҷраи кории нотариусҳо ва ду ҳуҷраи кории кормандони бюрои ёрии ҳуқуқӣ ҷойгир карда шудааст. Ҳамаи ҳуҷраҳо бо лавозимоти корӣ  муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Дар ҳавлии бино истгоҳи барқї бо трансформатори иқтидораш 63кВт насб карда шудааст.

Бинои марказ бо системаи алоҳидаи гармидиҳӣ тавассути дегхонаи ангиштӣ ва системаи обрасонии бино бо хатти обрасонии (оби нушокӣ) алоҳида таъмин карда шудааст.

Таҳхонаи бино ҳамчун бойгонӣ барои нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои нотариалӣ, китобҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳим пешбинӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Хатти алоқаи беруна ва интернет ба дохили бино пайваст карда шуда, бо ду рақами телефон муҷаҳҳаз шудааст.

Бино бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ бунёд шуда, ба атроф зебоӣ зам намудааст.

Илова кунед: