Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

30.08.2021

Бахшида ба 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21 нафар кормандони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ 30 августи соли 2021 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Њаётзода баргузор гардид.

Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфарозгардонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 3 нафар бо медали «Ҷасорат», 10 нафар бо «Хизмати шоиста» ва 8 нафар бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Иқдоми мазкур қадрдонии Сарвари давлатро таҷассум карда, аз кормандони мақомоти адлия ҷидду ҷаҳди бештарро барои пешбурди сиёсати ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар самти меъёрэҷодкунӣ, тарғибу ташвиқи шаҳрвандон ба меҳанпарастию ватандорӣ, тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ва муқовимат ба чинояткорӣ тақозо дорад.

Илова кунед: