Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

НАҚШИ ЗАН ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

08.03.2022

 

Бо ба дастовардани Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти густардаеро оғоз бахшид, ки самтҳои гуногуни фаъолияти давлатӣ, аз ҷумла ислоҳоти мафкуравии ҷомеаро низ дар бар мегирифтанд.  Мазмуну муҳтавои ислоҳоти мафкуравӣ пеш аз ҳама ба баланд бардоштани мақоми занон дар ҳаёти сиёсии кишвар алоқаманд мебошад. Воқеан, сохтмони давлати демократию ҳуқуқбунёд, дуниявию ягона ва иҷтимоӣ бо иштироки ҳамаи аъзоёни ҷомеа ва махсусан занон имконпазир аст.    

Қайд намудан ба маврид аст, ки таъмини ҳуқуқи баробарӣ талаботи асосии давлати демократию ҳуқуқбунёд мебошад. Ҳуқуқи мазкур ба ҳайси ҷавҳари асосии чунин давлат баромад намуда, аз таъмини адолати иҷтимоӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқҳои инсон гувоҳӣ медиҳад. Ҳуқуқ ба баробарӣ дар моддаи 17 Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикисон эълон шуда, ифодаи озодӣ аз ҳама навъи табъиз, аз қабили ҷинс, нажод, ранги пуст, забон, дин, ақидаи сиёсӣ, асли миллӣ, вазъи моддӣ ва ҳоказо мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои комилҳуқуқӣ ҷомеаи башарӣ санадҳои зиёди меъёрии ҳуқуқии байналмилӣ, аз ҷумла «Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон»-ро эътироф намудааст, ки он бо резолютсияи СММ таҳти рақами 34/180 аз 18 декабри соли 1979 қабул шудааст.  

Мувофиқи моддаи 1 Конвенсия «табъиз нисбати занон», ҳама гуна фарқият, хориҷкунӣ ё маҳдудсозӣ бо нишонаи ҷинсиро дорад, ки ба заифгардонӣ ё умуман эътироф накардан, истифода ё татбиқи ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосӣ дар соҳаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, шаҳрвандӣ ё ҳама гуна соҳаи дигар аз ҷониби занон, сарфи назар аз ҳолати иҷтимоии онҳо, дар асоси баробарҳуқуқии мардону занон равона гардидааст.         

Агар ба таърихи начандон тӯлонии Истиқлоли давлатӣ назар афканем бидуни шак мушоҳида менамоем, ки масъалаи мақому манзалати зан дар ҷомеаи муосир дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ва махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар ин ҷо таваҷҷуҳи хонандаро ба якчанд санадҳои муҳими меъёрии ҳуқуқии бунёдӣ, чун Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конвенсияи СММ аз 18 декабри соли 1979 ҷалб намуда бошем ҳам, вале ҳуҷҷату барномаҳои сиёсиеро ёдрас намудан мумкин аст, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ бо мақсади баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа, таъмини баробарҳуқуқии мардону занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, қабул шудаанд.

Дар байни ингуна санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пеш аз ҳама Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа»-ро аз 3 декабри соли 1999, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 01марти соли 2005, таҳти рақами №85 ва якчанд барномаҳо, консепсияҳо ва стратегияҳои давлатиро номбар намудан  мумкин аст.

Пас аз мавриди амал қарор дода шудани ҳуҷҷату санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикршуда, мақому манзалати зан дар ҷомеа беҳтар ва боиси афзудани обрӯю эътибори кишвар дар ҷомеаи башарӣ гардидааст. Имрӯзҳо симои зани тоҷик дар саҳифаҳои таърих ҳамчун зани бо фарҳанг, сиёсатмадор, роҳбар, муаллиму мураббӣ, хирадманд ва ҳунарманду кордон тасвир шудааст  

Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ ва халқи азизи кишвар аз 21декабри соли 2021 дар назди Ҳукумати мамлакат вобаста ба нақши зан дар ҷомеа вазифаҳои нав гузоштанд. Аз ҷумлаи яке аз вазифаҳои муҳимтарини Ҳукумати мамлакат дар давраи то соли 2026 саросар ба касбу ҳунаромӯзӣ ва соҳибкасб гардонидани шаҳрвандони аз 18-сола болои бе касбу ҳунар буда, дастур дода шудааст, ки дар панҷ соли оянда як миллион нафар шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла занону бонувон бояд соҳиби касбу ҳунарҳои ҷавобгӯи бозори меҳнат гардонида шаванд.

Дар Паёми Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ  Раҳмон нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург арзёбӣ шуда, қайд гардидааст, ки 49,3 фоизи аҳолии мамлакатро занон ташкил дода, дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ фаъолияти пурсамар доранд, аз ҷумла:

- дар соҳаи тандурустӣ 68 фоиз;

- дар соҳаи маориф 73 фоиз;

- дар соҳаи илм 27 фоиз;

- дар соҳаи кишоварзӣ 23 фоиз.

Ҳамзамон занону бонувон дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд.

 Вазифаи дуюми Ҳукумати мамлакат дар бахши баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар он ифода меёбад, ки барои дар мақомоти роҳбарикунанда таъин намудани занон бояд чораҳои зарурӣ роҳандозӣ намояд. 

Вазифаи сеюми Ҳукумати мамлакат аз он иборат аст, ки дар доираи амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд то 30 фоизи хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз кадрҳои роҳбарикунанда бояд таъин карда шаванд.  

 Вазифаи чоруми Ҳукумати мамлакат, ки бевосита аз Паёми навбатӣ бармеояд аз он иборат аст, дар муҳлати се моҳ «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030»-ро бояд таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.    

 Имрӯз Ҳукумати мамлакат ба сифати вазифаи ҷонии худ, ба ҷо овардани иззату эҳтиром нисбати модарону занон ва бонувону духтаронро ба инобат гирифта, саъю талош менамояд, ки мушкилоти онҳоро сари вақт ҳаллу фасл ва барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани онҳо шароити мусоид фароҳам оварад.  

Тазаккур додан зарур аст, ки дар давраи истиқлолият давлатӣ 11 500 нафар духтарони ноҳияҳои дурдаст муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.

Мақсад аз татбиқ намудани вазифаю чорабиниҳои зикршуда, аввал аз ҳама барои арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақому манзалати онҳо дар ҷомеа, таъмини баробарии занону бонувон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии кишвар, созмон додани шароити мусоиди кору фаъолияти занону духтарон хизмат менамоянд.

Дар даврони Истиқлоли давлатӣ саҳми занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла ҳокимияти қонунгузор, ҳокимияти иҷроия, ҳокимияти судӣ ва тамоми мақомоти давлатию ҷамъиятӣ зиёд шуда истодааст.

 

Нодирӣ Наргис–мудири бахши САҲШ,

ноҳияи Айнии вилояти Суғди

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

 

 

Илова кунед: