Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

ОЗОДИИ ШАХС ДАР ИТОАТИ ҚОНУН БУДАН АСТ

29.11.2021

 

Дар робита ба тазоҳуротҳои берун аз талаботи қонунгузории амалкунандаи рузҳои охир, ки дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сурат гирифта буд, ҳаминро бояд қайд кард, ки агар шахс хоҳад озод бошад, пас, бояд ба қонун итоат кунад. Дар акси ҳол, ниҳодҳои дахлдори давлатиро зарур аст, бо мақсади таъмин ва ё нигоҳдории сулҳу осоиштагӣ чораҳои зарӯрии таъсиррасониро амалӣ намояд. 

Моддаи 29-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи шаҳрвандонро вобаста ба иштироки онҳо дар маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш ва раҳпаймоиҳои осоишта муқаррар кардааст.

Ташкил ва гузаронидани маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш ва раҳпаймоиҳои осоишта яке аз кафолатҳои озодии сухан, изҳори фикру андеша, таъсиси иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо мақсади ҳалли мушкилиҳои муайяни ҳаёти ҷамъиятӣ, давлатӣ, муҳофизатӣ ё дастгирии ягон ташаббуси аҳамияти иҷтимоӣ дошта бо ҷалб намудани диққати шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ ва ташкилоту иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ равона мегардад, на барои таъсиси иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ва ё муҳофизати шахсони ҷиноятпеша, ки ба раванди сулҳу осоиштагӣ халал ворид созанд.

Ташкил ва гузаронидани маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш ва раҳпаймоиҳои осоишта ҳуқуқи ихтиёрии шаҳрвандон аст, ҳеҷ касро барои иштирок дар онҳо маҷбуран ҷалб кардан мумкин нест.

Ташкилотчии намоиш дар гузаронидани намоишҳо ухдадор аст, ки дар мувофиқа бо раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳр, ноҳия дар бораи гузаронидани намоиш дар муҳлати на дертар аз понздаҳ рӯз аз санаи пешбинишудаи гузаронидани он ба таври хаттӣ огоҳинома равон намояд. Огоҳинома бояд мақсад, шакл, ҷои гузаронидани намоиш ё роҳи ҳаракат,  вақти оғоз ва анҷоми намоиш, шумораи тахминии иштирокчиён, насаб, ном, номи падари ташкилотчиён, ҷои истиқомат, кор, таҳсили онҳо,  санаи пешниҳоди огоҳинома, рақами телефони иртиботиро нишон дода, он огоҳинома аз ҷониби ташкилотчии намоиш  имзо карда шавад.

Қарор дар бораи гузаронидан ва манъ кардани гузаронидани намоишҳо мувофиқан аз тарафи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳр, ноҳия дар муддати 3 рӯз қабул карда мешавад.

Ташкил ва гузаронидани маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш ва раҳпаймоиҳои осоишта бояд бо мақсадҳои дар огоҳиномае, ки аз ҷониби ташкилотчии намоиш пешниҳод мегардад, ҷавобгӯ бошад.

Дар ҳаракатҳои ба раванди сулҳу осоиштагӣ халал воридкунандаи тазоҳуротҳои болозикр риояи талаботҳои мазкур ҷой надошта, ҳеҷ кас намехоҳад чунин нооромиҳо дар ҷомеа ҷой дошта бошанд.

Баробарии ҳама дар назди қонун бояд бошад. Агар шахс ҷиноят содир карда бошад, пас ӯ бояд дар назди қонун ҷавоб диҳад. Мақомоти ҳифзи хуқуқ дар ин маврид уҳдадоранд, ки нисбат ба шахси ҷиноятсодиркарда тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯӣ намоянд, аз ҷумла аз чораҳои таъсиррасонии дахлдор истифода кунанд.

Дар интиҳо, қобили зикр аст, ки бигзор ҳар амале бар хилофи талаботи қонун содир мешавад, дар асоси қонун ҳал карда шавад, на бо роҳи баргузории чорабиниҳои ғайриқонунӣ, ки метавонад ба раванди сулҳу осиштагӣ халал ворид созад.

Зеро ҳодисаҳои ба вуқуъомадаи ҷаҳони муосир раванди пурхатари замони кунунӣ ба ҳисоб рафта, аз ҳар яки мо дарки баланди масъулияти шаҳрвандиро тақозо намуда, зарурияти бар зидди гурӯҳу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ мубориза бурдан ба миён омадааст. Чунки мақсади ин гурӯҳҳо ҷуз манфиатхоҳӣ чизи дигар нест.

 

Собирзода Исфандиёр Салом,

ректори Донишкадаи такмили ихтисоси

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илова кунед: