Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Пазироии умумиҷаҳонии ташаббусҳои бунёдии Пешвои Миллат оид ба ҳифзи муҳити зист

22.12.2022

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи конститутсионӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ эътироф намудааст, ки мақсаду мароми тамоми сохторҳои дохилидавлатӣ ва байналмилалӣ маҳз ба пойдории ин ҳадафи ишорагардида равона гардидааст.

Дар ин радиф, яке аз қисматҳои муҳимми ҳаёти инсониятро дар курраи замин ва мамлакатҳои алоҳида ин таъмин намудани шароити мусоиди экологӣ барои зисти одамон ташкил менамояд. Сабаб дар он аст, ки имрӯз таҷрибаи чандинасраи ҷаҳони сиёсат ва идоракунӣ собит намуда истодааст, ки танҳо давлат ва ташкилоти байналмилалӣ тавон ва иқтидори таъмини шароити мусоиди зисти инсонҳоро аз лиҳози экологӣ доранд.

Бо назардошти зикркардаҳои боло, аз ҷониби давлату ҳукумати мамлакатамон нисбати беҳсозии вазъи экологӣ ва ҷилавгирӣ аз оқибатҳои номусоиди таъсири инсоният ба табиат тадбирҳои муайян амалӣ гардонида мешаванд. Яке аз чунин ҳолатро мо аз муайяншавии масъалагузориҳои соҳаи экологӣ дар стратегияи асосии муайянкунандаи самтҳои дохиливу хориҷии кишвар бараъло мушоҳида карда метавонем.

Ҳанӯз дар соли 2002 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид гардида буд, ки: «Пешгирии хатарҳои экологӣ, сарфаҷӯии захираҳои оби нӯшокӣ, рафъи гуруснагӣ ва дигар проблемаҳои дорои хусусиятҳои умумибашарӣ мавҷуданд, ки танҳо дар сурати пешбурди оқилонаи сиёсати хориҷӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳар фарди бедордили сайёра ҳал шуда метавонанд».

Дар ҳақиқат дар ин давра дар сайёраи мо дар баробари рушд кардани омори захираҳои инсонӣ, ҳамчунин илму техника ва дар ин замина тамоми шаклҳои истеҳсолоти саноати сабук ва вазнин рӯ ба инкишоф ниҳода буд. Ин омилҳо замина мегузоштанд, ки ҳолати муътадили вазъи экологии дунё рӯ ба таназзул ниҳад. Барои он ки яке аз заминаҳои асосии ба табиат ҷорӣ гардидани маводҳои ғализ маҳз партовҳои гуногуни истеҳсолотиву энергетикӣ ба шумор мераванд, ки ин ҳама ба сифати хатари экологӣ пазируфта мешаванд.

Масъалаи дигари қобили таваҷҷуҳ ин ба таври сарфаҷӯёна мавриди истифода қарор гирифтани захираҳои оби нӯшокӣ ба шумор меравад, ки дар бисёре аз кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мушкилоти норасогии ин захираи табииро ҳамарӯза эҳсос менамоянд. Ҳолатҳои болозикр гувоҳӣ аз он медиҳад, ки дар ҳолати бартараф накардани рафти чунин ҳолатҳо инсониятро хатари гуруснагӣ таҳдид менамояд.

Мутобиқи маълумотҳои омории пешниҳодгардида, алҳол зиёда аз 3 миллиард аҳолии курраи замин аз норасоии оби тоза танқисӣ мекашанд ва тибқи пешгӯиҳои олимон ин шумора то соли 2025 қариб ба 4 миллиард нафар мерасад. Ҳар рӯз, бино ба нарасидани оби тоза дар кураи Замин, аз 800 то 1000 кӯдаки то 5-сола мефавтанд. Бояд гуфт, ки яке аз сабабҳои асосии зудтар об шудани пиряхҳо тағйирёбии бесобиқаи иқлим ва баландшавии ҳарорати миёнаи ҳаво буда, инчунин, бо сабаби истифодаи ғайриоқилонаи оби тоза, хусусан дар кишоварзӣ (то 78 дарсад оби тоза барои кишоварзӣ сарф мешавад) миқдори оби тоза коҳиш ёфта истодааст.

Бо ин назардошт, санаи 14-уми декабри соли равон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-ум қатъномаи соли 2025 — «Соли байналмилалии ҳифзи пир­яхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарафдории 153 кишвари аъзои СММ пазируфта шуд. Чунончӣ:

- эълон гардидани 21-уми март ҳамчун «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»;

- эълон шудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»;

- дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;

- дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе.

Афзун ба ин, бо ҳамоҳангии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар доираи муқаррароти қатъномаи мазкур Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимод ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис дода мешавад, ки ҳадафи усулии он таҳқиқоти бунёдӣ оид ба масоили омӯзиши пиряхҳо мебошад. Бидуни шубҳа, қабули ин гуна қатънома ба вуҷуд омадани платформаеро замина мегузорад, ки олимон, сиёсатмадорон ва аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонанд масъалаи роҳҳои омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳоро коркард ва онҳоро татбиқ намоянд.

Таъкид намудан ба маврид аст, ки дар асоси иқдомоти Пешвои миллат дар сох­тори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, инчунин Муассисаи давлатии «Маркази омӯзиши пиряхҳо» таъсис дода шуд, ки таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар самти идораю истифода ва ҳифзи манобеи обӣ, инчунин ҳолати обшавии пиряхҳо гузаронида мешаванд.

Дар ҳақиқат, манобеи обӣ, хусусан пиряхҳои Тоҷикистон як мавзеи нотакрор ва майдони нодире ҳастанд, ки таҳқиқоти муштараки байналмилалиро тақозо доранд.

Мутобиқи гузориши ниҳоди болозикр, ташаббус навбатии Пешвои муаззами миллат аҳамияти махсуси таърихӣ дошта, нисбат ба дигар иқдомҳо ҳамчун ташаббуси нодир арзёбӣ мегардад, чунки дар қатори эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», инчунин аз соли 2025 сар карда, ҳар сол дар саросари олам санаи 21-уми март – «Рӯзи байнамилалии ҳифзи пиряхҳо» ҷашн гирифта мешавад. Барои маблағгузории ҳифзи пиряхҳо дар сохтори Созмони Милали Муттаҳид фонди махсус таъсис дода шуд. Ҳамзамон, барои натиҷагирии ташаббуси мазкур соли 2025 дар пойтахти кишварамон — шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор хоҳад гардид.

Таъкид намудан зарур мебошад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ  роҷеъ ба ҳаллу фасли масоили обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномавӣ, ба монанди:

- Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав соли 2020;

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини оби ошомиданӣ ва рафъи обҳои партов» (соли 2019);

- «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои давраи то соли 2030»;

- «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030»;

- «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025» (35 чорабинӣ);

- «Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030»;

- «Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи ошомиданӣ барои солҳои 2008-2020».

Ҳамин тариқ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён бори дигар исбот намуд, ки мамлакати мо дар тамоми самтҳои барои башарият созгор ҷонибдор ва ташаббускор буда, хоҳони зисти осудаи наслҳои ояндаи инсоният дар кишварҳои алоҳида, минтақа ва ҷаҳон мебошад.

 

Исфандиёр Собирзода,

ректори донишкадаи такмили ихтисоси

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ.

 

Мирзоқодир Қодирзода,

и.в., мудири кафедраи ҳуқуқи граждании

донишкадаи  такмили ихтисоси

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илова кунед: