Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи 15-уми Шӯрои вазирони адлияи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

15.12.2021

15 декабри соли 2021 Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён Қурбонмуҳаммад дар ҷаласаи 15-уми Шӯрои вазирони адлияи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба тариқи видеоконфронс иштирок кард.

Чорабинии мазкур таҳти раёсати Вазири адлияи Ҷумҳурии Қирғизистон Аяз Баетов баргузор шуда, дар он Вазири адлияи Ҷумҳурии Арманистон Карен Андреасян, Вазири адлияи Ҷумҳурии Беларус Сергей Хоменко ва Вазири адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Русланбек Давлетов иштирок доштанд.

Дар рафти ҷаласа аъзои Шӯро равишҳои нави гузаронидани экспертизаи ҳуқуқии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо, нақши вазоратҳои адлия дар тарбияи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон, инчунин такмили фаъолияти нотариалӣ ва масъалаи ташкилоти базавии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи фаъолияти нотариалиро баррасӣ намуданд.

Аз натиҷаи ҷаласа қарор карда шуд, ки дар соли 2022 Вазири адлияи Федератсияи Россия Константин Чуйченко раиси Шӯро интихоб гардида, ҷаласаи 16-ум дар Федератсияи Русия баргузор шавад.

 

 

 

Илова кунед: