Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Форуми ҳафтуми миллӣ оид ба волоияти қонун

04.11.2021

Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар остонаи таҷлили 27-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 ноябри соли 2021 дар дар шаҳри Душанбе Форуми ҳафтуми миллӣ оид ба волоияти қонун баргузор гардид.

Мавриди зикр аст, ки Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон созмондиҳандаи Форуми миллӣ буда, дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, парламент, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳо, инчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, коршиносони мустақил ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Форуми миллӣ маротибаи ҳафтум аст, ки дар ҷумҳурӣ дар асоси Нақшаи Ҳукумати мамлакат оид ба баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад.

Зикр гардид, ки Форуми миллӣ оид ба волоияти қонун пойгоҳи муносибе мебошад, ки қишрҳои гуногуни ҷомеаро барои муайян намудани афзалиятҳо ва таҳияи пешниҳодҳо барои мусоидат намудан ба волоияти қонун ва дастрасӣ пайдо кардан ба адолати судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид месозад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳадафи Форуми миллӣ муайян намудани мушкилоте, ки барои таҳкими волоияти қонун дар Тоҷикистон монеа эҷод мекунанд, ҷустуҷӯи муштараки роҳҳо тавассути табодули таҷриба ва муҳокимаи озод, инчунин таҳияи тавсияҳои мушаххас ва пешниҳодҳо бо мақсади таъмини волоияти қонун дар Тоҷикистон ва баробарӣ дар назди қонун мебошад.

Дар чорабинии мазкур масъалаҳо вобаста ба ислоҳоти низоми судӣ, ҳадафи 16 Ҳадафҳои Рушди Устувори Созмони Милали Муттаҳид, гуманизатсияи қонунгузории ҷиноятӣ ва воситаҳои алтернативии ҳалли баҳсҳои тиҷоратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ба ақидаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ Форуми миллӣ минбари мувофиқест, ки дар он намояндагони мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонанд масъалаҳо ва мушкилоти муҳимро муҳокима карда, роҳҳои ҳалли онҳоро якҷо ҷустуҷӯ намоянд. Зикр карда шуд, ки фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд ба таҳкими сохторҳои давлатӣ, ки ҳуқуқҳои инсонро таблиғ ва ҳимоя мекунанд, равона карда шавад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад ёвари хуби давлат бошад, зеро он доимо бо мардум дар тамос буда, дар бораи мушкилоти ҷомеа маълумоти дахлдор дорад. Ҳамкории байни сохторҳои давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад ислоҳотро то ҳадди имкон самаранок гардонад.

 

Илова кунед: