Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Тартиби пешниҳоди санади меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмӣ барои бақайдгирии давлатӣ

29.05.2022

Яке аз самтҳои муҳими танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ - ин бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмӣ мебошад. Ҳар як санади меъёрии ҳуқуқии аз ҷониби Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ қабулшаванда бояд дар асос ва барои иҷрои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои қонунгузорӣ, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад.

Муқаррароти моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” низ айнан ҳамин талаботро дар худ таҷассум менамояд.

Яъне, барои ба пуррагӣ дар амал татбиқ намудани меъёрҳои санадҳои зикргардида, қабули санади меъёрии ҳуқуқии вазорату идораҳои давлатие, ки хусусияти умумиҳатмӣ доранд, зарур мебошад. Мақомоти ҳуқуқэҷодкунандае, ки санади меъёрии ҳуқуқиро омода менамояд, набояд аз доираи муқаррароти муаяннамудаи қонун барояд.

Мавҷуд будани асоси қонунии қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мақомоти ҳуқуқэҷодкунандаро водор месозад, ки лоиҳаи санади далхдорро омода намояд.

Дар асоси моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” вазоратҳо ва дигар мақомоти давлатӣ санади меъёрии ҳуқуқиро дар шакли фармоиш, кумитҳои давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шакли қарор қабул мекунанд. Аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ қабул гардидаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо дигар номҳо (дастур, низомнома, оиннома, қоида ва ѓайра) бо тасдиқи фармоиш ё қарор ба расмият дароварда мешавад.

Таркиби санади меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидошта метавонад аз муқаддима, боб, параграф, банд, зербанд ва сархат иборат бошад.

Санади меъёрии ҳуқуқӣ дорои нишонаҳои зерин аст:

- намуди санади меъёри ҳуқуқӣ;

- мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, ки санади меъёрии ҳуқуқиро қабул кардааст;

- номе, ки мавзўи танзими онро ифода мекунад;

- рамзи Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- имзои шахсе, ки расман ваколатдори имзо намудани санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор мебошад (ба истиснои Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва қонунҳои бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида);

- макон ва санаи қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ;

- рақами санади меъёрии ҳуқуқӣ (ба истиснои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида);

- рақами бақайдгирии санади меъёрии ҳуқуқӣ;

- маълумот дар хусуси бақайдгирии давлатӣ барои санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки бояд дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шаванд;

- муҳри дорои нишони давлатии мақомоте, ки санади меъёрии ҳуқуқиро қабул кардааст.

 

Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ дар ҳолатҳои зарурӣ бо мақомоту идораҳо ва корхона, муассисаю ташкилотҳои манфиатдор мувофиқа карда мешаванд. Мувофиқакунии санадҳо дар асоси талаботи муқаррарнамудаи “Дастурамали намунавии коргузорӣ дар вазорату кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 28 июли соли 2017, таҳти №358 тасдиқ шудааст, ба амал бароварда мешавад. Мувофиқакуни усули баррасии пешакӣ ва баҳогузории лоиҳаи ҳуҷҷат буда, ҳалли дуруст ва ҳаматарафаи масъалаҳои бамиёномада, сифати он, мақсаднокӣ ва саривақтии қабул, асоснокии сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмӣ - техникии мундариҷаи он, мувофиқати лоиҳаи ҳуҷҷати омодашударо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда таъмин менамояд.

Мувофиқаи берунӣ бо муҳр ё маълумотнома оид ба мувофиқакунӣ ба расмият дароварда мешавад.

Муҳри мувофиқакунии беруна дар худ унсурҳои зеринро аз қабили "МУВОФИҚА ШУД", номи вазифа, имзои шахс, ному насаби шахсе, ки бо он ҳуҷҷат мувофиқа мешавад ва санаи мувофиқа дар бар мегирад.

Дуруст мувофиқа накардан ё умуман ба мувофиқа нарасонидани ҳуҷҷат бо мақомоти мутасаддӣ метавонад яке аз асосҳои радкунӣ гардад.

Тартиби пешниҳоди мушаххаси санади меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаро “Тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2018, №195 тасдиқ карда шудааст, танзим менамояд. Мувофиқи ҳамин Тартиб санадҳои меъёрии ҳуқуқии  умумиҳатмие, ки бояд аз қайди давлатӣ гузаранд, баъди имзои роҳбари мақоми давлатии дахлдор, дар  ду  нусха  (матни аслӣ ва нусхаи тасдиқшуда) бо  забони  давлатӣ ва забони русӣ ба Вазорати адлияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  пешниҳод карда  мешаванд. Дар баробари ин матни электронӣ ва маълумотномаи асосноккунандаи зарурати қабули онҳо низ пешниҳод карда мешавад.

Барои бақайдгирии давлатӣ пешниҳод намудани санади меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмие, ки якҷоя аз тарафи якчанд мақомоти давлатӣ қабул карда шудааст, ба зиммаи мақоме гузошта мешавад, ки дар қатори ашхоси имзокардаи (тасдиқкардаи) санад ташаббускори он мебошад.

Мутобиқи моддаи 89 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро ба санадҳои қонунгузорӣ, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати як моҳ месанҷад ва бақайдгирии давлатии онҳоро амалӣ мекунад. Мутобиқи банди 8 Тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2018, №195 тасдиқ гардидааст, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи мазкур танҳо баъд аз санҷиш, бақайдгирӣ ва интишори расмӣ эътибор пайдо менамоянд. Мутобиқи банди 8 Тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2018, №195 тасдиқ гардидааст, санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмие, ки мувофиқи банди 6 ҳамин Тартиб бояд аз қайди давлатӣ гузаранд, дар муҳлати на дертар аз 10 рўз баъди имзои роҳбари мақоми давлатии дахлдор, дар ду нусха (матни аслӣ ва нусхаи тасдиқшуда) бо забони давлатӣ ва забони русӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд. Дар баробари ин, матни электронӣ ва маълумотномаи асосноккунандаи зарурати қабули онҳо низ пешниҳод карда мешавад.

Маълумотномаи асосноккунандаи қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд дорои иттилооти зерин бошад:

- асос ва зарурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ;

- маълумот оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандае, ки масъалаи мазкурро ба танзим медароранд;

- маълумот оид ба мувофиқа намудани санади меъёрии ҳуқуқӣ бо мақомоти манфиатдор;

- маълумот оид ба гузаронидани арзёбии идоравии зиддикоррупсионӣ;

- имзои роҳбари мақоми қабулкунандаи санади меъёрии ҳуқуқӣ.

 

Матни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд бо истифода аз ҳуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14 омода карда шавад.

         Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки аз қайди давлатӣ нагузаштаанд, оқибати ҳуқуқӣ надоранд ва ҳамчун эътиборнадошта наметавонанд барои танзими муносибатҳои ҳуқуқии дахлдор ва татбиқи муҷозот барои иҷро накардани муқаррароти онҳо асос гарданд. Ҳангоми ҳалли баҳсҳо ба ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ истинод овардан мумкин нест.

         Дар мавриди аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рад карда шудани бақайдгирии санади меъёрии ҳуқуқӣ вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки санади меъёрии ҳуқуқиро қабул кардаанд, метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намоянд.

 

Карим Муҳаммад Баҳридин,

мутахассиси раёсати баҳисобгирӣ ва бақайдгирии

давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

ҳуқуқшиноси дараҷаи 3

Илова кунед: