Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Машварати ҳаштуми вазирони адлияи давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай

06.08.2021

Тибқи бандҳои 42 ва 43 нақшаи чорабиниҳои асосии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай барои солҳои 2020-2021, ки 8 октябри соли 2020 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, 6 августи соли 2021 таҳти раёсати Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Машварати ҳаштуми вазирони адлияи давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе дар шакли маҷозӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур роҳбарон ва намояндагони вазоратҳои адлияи давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва котиботи Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.

Машварати ҳаштуми вазирони адлияи давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай бо иштироки мақомоти адлияи давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар сатҳи вазирон ва котиботи Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.

Дар ҷараёни машварат, ки дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гашт, иштирокчиён тибқи рӯзномаи маҷлиси мувофиқашуда натиҷаи ҳамкории байни вазоратҳои адлияро баъд аз Машварати ҳафтуми вазирони адлияи давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай натиҷабардорӣ намуда, нақшаи ҳамкории минбаъдаро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар ҷараёни машварат масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:

- Қонунҳо оид ба коронавирус: нақши ҳуқуқ дар давраи пандемия;

- Расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба шаҳрвандон мувофиқи қонунгузории миллӣ;

- Нақши вазоратҳои (ҳуқуқ ва) адлия дар муқовимат ба коррупсия;

- Оид ба лоиҳаи Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ вобаста ба парвандаҳои гражданӣ;

- Муайян намудани давлати ташкилкунандаи Машварати навбатии вазирони адлияи давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай;

- Имзои (қабули) изҳороти муштарак оид ба натиҷаи Машварати ҳаштуми вазирони адлияи давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай.

Дар доираи Машварати ҳаштуми вазирони адлияи давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай таваҷҷуҳи хосса ба масъалаи мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар доираи расонидани ёрии ҳуқуқӣ, вусъат бахшидан ба ислоҳоти ҳуқуқӣ, таъмини кафолатҳои ҳуқуқии амнияти маҳаллӣ, таъмини волоияти ҳуқуқ, такмили фаъолияти экспертизаи судӣ-криминалистӣ, баланд бардоштани ихтисоси кормандони мақомоти адлия ва табодули таҷриба миёни вазоратҳои адлияи давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай вобаста ба масъалаҳои алоҳидае, ки манфиатҳои мутақобиларо ба танзим медароранд, дода шуд.

 

Изҳороти муштарак аз рӯи ҷамъбасти Машварати ҳаштуми вазирони адлияи давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай бо забонҳои кории Созмони ҳамкории шанхай ба имзо расонида шуд.

Изҳороти муштарак (русӣ)

Изҳороти муштарак (чинӣ)

Ҳангоми ҷамъбасти кори Машварати ҳаштуми вазирони адлияи давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории худро ба ҳамаи иштирокчиён барои иштироки фаъолона дар ҷаласа иброз намуда, умедвории худро барои ҳамкории минбаъдаи манфиатовар миёни вазоратҳои адлияи давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва котиботи Созмони ҳамкории Шанхай баён намуд.

Дар маҷмуъ Машварати ҳаштуми вазирони адлияи давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар фазои дӯстона ва самимӣ доир гардид.

 

 

Илова кунед: