Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мулоқот бо роҳбари нави Намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон

07.04.2021

7 апрели соли 2021 дар иртибот бо супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён, сардори раёсати робитаҳои байналмилалии ҳуқукӣ Алишер Неъматзода, сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқии ҳамкориҳои байналмилалӣ ва иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ Бахтиёр Талабзода ва мутахассиси раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷӣ Комила Назирмадова бо роҳбари нави Намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Тоҷикистон хонум Анжелика Шопп ва сардори шуъбаи кор бо васоити ахбори омма ва ҷомеаи намояндагии КБСС Мавҷуда Мирзоева мулоқот баргузор гардид.

Мавзуъҳои асосии мулоқоти мазкур ин муаррифии фаъолияти КБСС дар соли 2020, муҳокимаи масъалаҳои ҳамкории мутақобила, инчунин фаъолияти Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ буд.

 

Мулоқот дар фазои дӯстона сурат гирифта, ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки ҷиҳати вусъат додани ҳамкориҳои дуҷониба чораву тадбирҳои судманд андешанд.

Илова кунед: