Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мулоқот бо роҳбари Департаменти кишварҳои Авруосиёи Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ

22.09.2021

Дар иртибот бо супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 сентябри соли 2021 вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён, муовини якуми вазир Нигина Ализода ва сардори раёсати робитаҳои байналмилалии ҳуқуқӣ Алишер Неъматзода бо роҳбари Департаменти кишварҳои Авруосиёи Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ хонум Урсула Лёйбли, сардори Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ДШРҲ) Саломе Штайб, муовини сардори ДШРҲ Ришар Шеневар ва менеҷери лоиҳаҳои ҳуқуқии ДШРҲ Шакарбек Ниятбеков мулоқот анҷом дода шуд.

Мавзӯи асосии мулоқоти мазкур ин баррасии раванди амалишавии лоиҳаҳои муштарак бо Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ ва муҳокимаи масъалаҳои ҳамкории мутақобила буд.

 

Ҷонибҳо қаноатмандии худро аз раванди амалишавии лоиҳаҳои муштарак баён карданд.

Вохӯрии мазкур дар фазои дӯстона баргузор гардида, дар раванди ҳамкорӣ дар оянда такони ҷиддӣ мебахшад.

Илова кунед: