Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба масъалаҳои экспертизаи давлатии судии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

17.06.2021

17 июни соли 2021 Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 22-юми нақшаи кори Вазорат барои нимсолаи якуми соли 2021 ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба масъалаҳои экспертизаи давлатии судии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзоёни Шӯро баргузор намуд.

Ҷаласаро муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Асадулло Қурбон бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз аз ҷумла ҷалби мутахассисон барои гузаронидани экспертизаҳои судӣ, ки дар муассисаи экспертӣ кор ва фаъолият намекунанд, инчунин меъёрҳое, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» барои ҷалби мутахассисон пешбинӣ гардидааст, ҳангоми иҷроиш он дар шакли номутобиқати татбиқ карда мешавад, ки боиси мушкилоти экспертӣ мегарданд, изҳори ақида намуд.

 

Баъдан тибқи барномаи ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ намояндагони Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорат ва дигар аъзоёни Шӯро оид ба масъалаҳои тартиби гузаронидани экспертизаи комплексӣ бо ҷалби мутахассисони соҳаи диншиносӣ, сиёсатшиносӣ забоншиносӣ, равоншиносӣ ва дигар соҳаҳои мухталиф баромад карданд.

Дар қисмати ҷамъбастии ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ, якчанд таклифу пешниҳодҳо манзур карда шуд, ки дар шакли протоколи ҷаласаи Шӯро ба тасвиб расид.

Илова кунед: