Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Низомномаи шӯрои занони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
  2. Низомномаи шӯрои занони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Низомнома) тартиби ташкил, ҳадаф ва вазифаҳои шӯрои занони  Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Шӯро)-ро ба танзим медарорад.
  3. Шӯро мақоми машваратӣ буда, фаъолитяи худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур ба роҳ мемонад.
  4. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ ШӮРО
  5. Мақсади асосии таъсиси Шӯро мусоидат ба баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоию сиёсии занон мебошад.
  6. Барои ноил гадидан ба ҳадафҳои худ Шӯро дорои вазифаҳои зерин мебошад:

- баррасӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии занони Вазорат;

- мусоидат ба омӯзиш ва такмили маҳорати касбии занон;

- баргузор намудани озмун ва дигар чорабиниҳо бо мақсади ҳавасмандгардонии занон ба муносибати «Рӯзи байналмилалии оила», «Рӯзи Модар», «Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон» ва ҷашнҳои давлатию соҳавӣ;

- арзёбии одоби касбии занон;

- пешниҳоди номзадии занон барои иштирок дар чорабиниҳои сатҳи давлатӣ ва байналмилалӣ бо дар назар доштани мансаби ишғолнамуда, собиқаи корӣ, маҳорат ва малакаи касбӣ;

- ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шӯрои занони вазорату идораҳо;

- Шӯро ҳар сол ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи   фаъолият худ ҳисобот пешниҳод менамояд;

- дарёфт намудани роҳҳои дастгирии фаъолияти Шӯро ва занони соҳа бо ҷалби шарикони рушд;

- вазифаҳои дигари бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншударо иҷро менамояд.

  1. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ШӮРО
  2. Шӯро фаъолияти худро дар шакли ҷаласа ба роҳ мемонад.
  3. Аъзогӣ дар Шӯро ихтиёрӣ буда, заноне, ки дар низоми Вазорати адлия кор ва фаъолият менамоянд, инчунин собиқадорони соҳа метавонанд ба он аъзо шаванд. Ҳайати Шӯро дар теъдоди муайян маҳдуд карда намешавад.
  4. Ҷаласаҳои Шӯро тибқи зарурат, вале на камтар аз ду маротиба дар як сол гузаронида мешавад. Ҷой ва вақти гузаронидани ҷаласаҳо аз ҷониби раиси Шӯро муайян карда мешавад. Хабардор намудани аъзои Шӯро оид ба баргузоршавии ҷаласа ба зиммаи котиби Шӯро вогузор карда мешавад.

8.Ҷаласаҳои Шӯро ҳангоми иштироки аксарияти аъзои он баргузор мегардад.

  1. Раиси дар ҷаласаҳои Шӯро аз ҷониби раиси Шӯро анҷом дода мешавад, ҳангоми набудани раис ҷаласаро муовини ӯ роҳбарӣ менамояд.
  2. Аз натиҷаи масъалаҳои дар ҷаласаи Шӯро баррасишаванда қарор қабул карда мешавад ва он бо протокол ба расмият давроварда мешавад.
  3. Рафти иҷрои нақшаи Шӯро ва қарорҳои дар ҷаласа қабулгардида дар ҷаласаи навбатӣ ва ғайринавбатӣ муҳокима ва натиҷагирӣ карда мешаванд.

 

  1. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
  2. Шӯро шахси ҳуқуқӣ набуда, дорои бланки расмӣ мебошад.

Илова кунед: