Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Нотариати давлатӣ

Вазифаҳои нотариати давлатӣ аз таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин манфиатҳои давлат бо роҳи ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошанд.

 Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нотариусони давлатӣ амалиётҳои зерини нотариалиро ба ҷо меоваранд:

- аҳдҳо (шартномаҳо, васиятномаҳо, ваколатномаҳо, ӯҳдадориҳо, розигиҳоеро, ки мазмуни онҳо аҳди яктарафаро ифода мекунанд ва розигиҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи нотариалии онҳоро ҳатмӣ кардааст ва дигар аҳдҳо)-ро тасдиқ мекунанд;

- васиятномаҳои махфиро қабул ва эълон менамоянд;

- ваколати иҷрокунандаи васиятномаро тасдиқ менамоянд;

- барои ҳифзи молу мулки меросӣ чораҳо меандешанд;

- шаҳодатномаҳои ҳуқуқ ба мерос медиҳанд;

- шаҳодатномаҳои ҳуқуқи моликиятро ба ҳиссаи молу мулки муштараки зану шавҳар медиҳанд;

- дурустии нусхаи ҳуҷҷатҳо ва иқтибоси аз онҳо гирифташударо тасдиқ менамоянд;

- аслияти имзоҳои дар ҳуҷҷатҳо гузошташударо тасдиқ мекунанд;

- дурустии тарҷумаи ҳуҷҷатҳоро аз як забон ба забони дигар тасдиқ мекунанд;

- воқеияти дар ҳаёт ё дар ҷойи муайян будани шахсро тасдиқ мекунанд;

- айнияти шахсро бо шахси дар сурат аксёфта тасдиқ менамоянд;

- вақти пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳоро тасдиқ мекунанд;

- аризаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ба дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ месупоранд;

- маблағи пулӣ ва коғазҳои қиматнокро ба амонат (депозит) қабул мекунанд;

- навиштаҷоти иҷроияро ба ҷо меоваранд;

- эътирозҳоро оид ба векселҳо ба ҷо меоваранд;

- чекҳоро барои пардохт пешниҳод мекунанд ва напардохтани чекҳоро тасдиқ менамоянд;

- ҳуҷҷатҳоро барои маҳфуз доштан қабул мекунанд;

- далелҳоро таъмин мекунанд;

- шаҳодатномаҳо дар бораи ҳуқуқи моликият медиҳанд;

- розигии зан ё шавҳарро вобаста ба аҳде, ки шакли нотариалиро талаб мекунад, тасдиқ мекунанд.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба зиммаи нотариусҳои давлатӣ иҷрои дигар амалиёти нотариалиро вогузор намояд.

 Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” барои анҷом додани амалиётҳои нотариалӣ боҷи давлатӣ ба андозаи зерин ситонида мешавад:

1) барои тасдиқ намудани шартномаҳои аз соҳибӣ соқит кардан (хариду фурӯш, ҳадя, иваз ва ғайра) ва додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи мерос ба молу мулки ғайриманқул (ҳавлиҳои истиқоматӣ, хонаҳо, бӯстонсаройҳо, иншоот ва молу мулки дигари ғайриманқул ё қисми онҳо), ба истиснои ниҳолҳои бисёрсола ва молу мулки ғайриманқули дигаре, ки тасдиқи он тибқи банди 6) қисми мазкур ба амал бароварда мешавад, барои як метри мураббаи масоҳати умумӣ ба андозаи:

а) барои фарзандон, аз ҷумла фарзандхонд, ҳамсар, падару модар дар:

- шаҳри Душанбе - 10 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- шаҳри Хуҷанд - 7 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- шаҳрҳои Қӯргонтеппа, Кӯлоб ва Хоруғ - 5 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- дигар шаҳрҳо ва шаҳракҳо - 2 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- деҳот - 1 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

б) барои бародарон, хоҳарон, набераҳо, бобо, бибӣ дар:

- шаҳри Душанбе - 20 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- шаҳри Хуҷанд - 15 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Хоруғ - 10 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- дигар шаҳрҳо ва шаҳракҳо - 5 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- деҳот - 2 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

в) барои дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар:

- шаҳри Душанбе - 40 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- шаҳри Хуҷанд - 30 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Хоруғ - 20 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- дигар шаҳрҳо ва шаҳракҳо - 10 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- деҳот - 5 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

2) барои тасдиқи шартномаҳои аз соҳибӣ соқит кардани (хариду фурӯш, ҳадя, иваз ва ғайра) воситаҳои нақлиёт ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

3) барои тасдиқи шартномаҳои гарав - ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

4) барои тасдиқи шартномаҳои иҷораи молиявӣ (лизинг) ба андозаи 50 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- барои тасдиқи шартномаҳои иҷора ва қарз ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

5) барои тасдиқи шартномаҳои замонат - ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

6) барои тасдиқи шартномаҳои дигаре, ки предмети онҳо нархгузорӣ карда намешавад, - ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои тасдиқи шартномаҳои дигаре, ки предмети онҳо нархгузорӣ карда мешавад, ба истиснои банди 4) ҳамин қисм - ба андозаи 1 фоиз аз маблағи шартнома, вале на кам аз 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

7) барои тасдиқи васиятномаҳо - 20% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

8) барои додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи моликият - ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

9) барои додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос, ба истиснои молу мулки ғайриманқуле, ки дар банди 1) қисми шашуми моддаи мазкур пешбинӣ шудааст:

ба меросхӯрони навбати аввал - 0,5% аз маблағи мерос;

ба меросхӯрони навбати дуюм - 1% аз маблағи мерос;

ба меросхӯрони навбати сеюм - 1,5% аз маблағи мерос;

ба меросхӯрони дигар - 2 % аз маблағи мерос;

10) барои додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос нисбати амволи дар хориҷа буда, ҳангоми муайян намудани арзиши ниҳоии амволи мерос, ки пардохти он бояд дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад:

барои меросхӯрони навбати аввал - 1% аз маблағи мерос;

барои меросхӯрони навбати дуюм - 1,5% аз маблағи мерос;

барои меросхӯрони навбати сеюм - 2%  аз маблағи мерос;

барои меросхӯрони дигар - 3% аз маблағи мерос;

11) барои ҷорабиниҳо оид ба ҳифзи амволи меросӣ - ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

12) барои тасдиқи ваколатномаҳои ҳуқуқи истифода ва (ё) ихтиёрдории амвол (ба истиснои банди 13 ҳамин қисм):

барои фарзандон, аз ҷумла барои фарзандхонд, ҳамсар, падару модар - 25% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

барои бародарон, хоҳарон, набераҳо, бобо, биби - 50% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

барои дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ - ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

13) барои тасдиқи ваколатномаҳои ҳуқуқи истифода ва (ё) ихтиёрдории воситаҳои нақлиёти автомобилӣ:

барои фарзандон, аз ҷумла барои фарзандхонд, ҳамсар, падару модар - 25% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

барои бародарон, хоҳарон, набераҳо, бобо, биби - 50% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- барои дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати тасдиқи ваколатномаҳои ҳуқуқи истифодаи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои ҳуқуқи ихтиёрдории онҳо - ба андозаи понздаҳкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо.

14) барои тасдиқи ваколатномаҳои дигар - 20% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

15) барои тасдиқи саҳеҳии тарҷумаи ҳуҷҷат аз як забон ба забони дигар - 5% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як саҳифаи ҳуҷҷати тарҷумашуда;

16) барои эътироз оид ба пардохт нашудани вексел, ғайриаксепт будани он, набудани санаи аксепт ва барои тасдиқи напардохтани чек - 1% аз маблағи пардохтнагардида;

17) барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо - 5% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

18) барои дурустии тасдиқи нусхаи ҳуҷҷатҳо, ки дар парвандаҳои идораҳои нотариалии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, муассисаҳои консулӣ нигоҳ дошта мешаванд ва ҳамчунин иқтибоси ҳуҷҷатҳо - 2% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои нусхабардории ҳар саҳифаи ҳуҷҷат ё иқтибос аз онҳо;

19) барои дурустии тасдиқи нусхаҳои ҳуҷҷатҳои дигар ва барои тасдиқи иқтибоси ҳуҷҷатҳо (ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар банди 18 ҳамин қисм нишондодашуда) - 2% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як саҳифа;

20) барои тасдиқи асли имзо:

дар ариза ва дигар ҳуҷҷатҳо (ба истиснои варақаҳои бонкӣ) - 3% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

дар варақаҳои бонкӣ (барои ҳар як имзо ба ҳар як варақа) - 3% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

21) барои додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи моликият ба қисми амвол, ки моликияти умумии зану шавҳар мебошад ва дар давраи заношӯӣ ҷамъ кардаанд, аз ҷумла дар бораи додани шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият дар ҳолати вафот кардани яке аз ҳамсарон - 10% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

22) барои додани нусхаи такрории ҳуҷҷатҳое, ки дар идораи нотариалии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, муассисаҳои консулӣ нигоҳ дошта мешавад - ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

23) барои тасдиқ кардани шартномаи аз соҳиби соқиткунии амволи ғайриманқул ва дигар амволи бақайдгирифташаванда, ки ба воситаи музояда (тендер) фурӯхта мешавад - ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

24) барои ба ҷо овардани номаҳои иҷро - 3% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

25) барои ба ҷо овардани эътирози баҳрӣ - ба андозаи секаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

26) барои додани шаҳодатнома дар бораи дар ҳаёт будани шахс (шаҳрванд) - 20% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

27) барои додани шаҳодатнома дар бораи дар ҷойи муайян будани шахс (шаҳрванд) - 20% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

28) барои додани шаҳодатнома дар бораи айнияти шахс (шаҳрванд) бо шахси (шаҳрванди) дар сурати фотографи аксёфта - 20% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

29) барои тасдиқи вақти додани ҳуҷҷатҳо - 10% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

30) барои расонидани муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ - 10% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

31) барои қабули маблағ ва қоғази қиматнок ба амонат (депозит) - 10% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

32) барои таъмини далелҳо - 50% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо.

  1. Барои амалиёти нотариалие, ки берун аз бинои идораи нотариали ба ҷо оварда мешавад, боҷи давлатӣи ду баробар зиёд ситонида шуда, инчунин хароҷоти воқеӣ, ки ба сафар ба маҳалли ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ вобаста аст, пардохта мешавад.
  2. Аз рӯи шартномаҳои мубодилаи амволи ғайриманқуле, ки дар банди 1) қисми шашуми моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, андозаи боҷи давлатӣ аз масоҳати ҳамон амволи ғайриманқуле муайян карда мешавад, ки масоҳати умумии он зиёд мебошад. Ҳамзамон, барои ситонидани боҷи давлатӣ меъёрҳое татбиқ карда мешаванд, ки барои маҳалли тасдиқгардидаи шартномаи мубодила муқаррар шудаанд.
  3. Барои ҳисоб намудани андозаи боҷи давлатӣ ҷиҳати додани шаҳодатномаи ҳуқуқи мерос ба молу мулк, ба истиснои молу мулки дар банди 1) қисми шашуми ҳамин модда пешбинишуда, арзиши ҳамин молу мулкро нархгузор муайян мекунад.
  4. Барои додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи мерос ба молу мулк, ки предмети онҳо нархгузорӣ карда намешавад - ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо.
  5. Ҳангоми тасдиқи аҳдҳо, ки бо асъори хориҷӣ ҳисобу китоб карда мешаванд, ҳамчунин дар ҳолатҳое, ки асъори хориҷӣ предмети мерос мебошад, андозаи боҷи давлатӣ аз асъори миллӣ бо қурби муайянкардаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар рӯзи пардохти боҷи давлатӣ амал мекунад, ҳисоб карда мешавад.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 январи соли 2013, №14 тарифҳои зерини хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст

Намудҳои хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок

Андозаи пардохти хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок

1

Маслиҳати ҳуқуқӣ оид ба тасдиқ намудани ваколатномаҳо ва васиятномаҳо, шаҳодати аслияти имзо дар ҳуҷҷатҳо, супоридани аризаҳо, тасдиқ намудани фактҳо, додани  шаҳодатномаҳо дар бораи ҳуқуқи моликият

25-% нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳо

2

Маслиҳати ҳуқуқӣ оид ба тасдиқ намудани шартномаҳои аз соҳибӣ соқит кардани ҳавлиҳои истиқоматӣ (қисми ҳавлиҳо), хонаҳо, бустонсаройҳо, мошинсаройҳо, дигар биноҳо, сохтмонҳо ва иншоот

50-% нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳо

3

Маслиҳати ҳуқуқӣ оид ба тасдиқ намудани дигар шартномаҳо, таъмин кардани далелҳо

50-% нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳо

4

Маслиҳати ҳуқуқӣ оиди ба расмият даровардани ҳуқуқи меросӣ ва андешидани чораҳо барои ҳифзи молу мулки меросӣ

1 (як) нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳо

5

Маслиҳати ҳуқуқӣ оид ба тасдиқ намудани шартномаҳои аз соҳибӣ соқит намудани молу мулки ғаириманқул ва дигар молу мулки ба қайд гирифташаванд

1 (як) нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳо

6

Маслиҳати ҳукуқӣ оиди ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳое, ки барои дар хориҷа ба ҷо овардани амалиёт пешбинӣ карда шудаанд

10-% нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳо

7

Тартиб додани ваколатномаҳо, васиятномаҳо, аризаҳо, шаҳодатномаҳо оид ба супоридани аризаҳо, шаҳодатномаҳо оид ба ҳуқуқи моликият, шаҳодатномаҳо оид ба тасдиқ намудани фактҳо

30-% нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳо

8

Тартиб додани шартномаҳои аз соҳибӣ соқит кардани ҳавлиҳои истиқоматӣ (қисми ҳавлиҳо), хонаҳо, бӯстонсаройҳо, мошинсаройҳо, биноҳои дигар, сохтмону иншоот

1 (як) нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳо

9

Тартиб додани дигар шартномаҳо, протоколҳои пурсиши шоҳидон, протоколҳои тафтиши далелҳо, қарорҳо дар бораи таъин намудани ташхис

1 (як) нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳо

10

Тартиб додани аризаҳо ва шаҳодатномаҳо оид ба расмият даровардани ҳуқуқи меросӣ ва андешидани чораҳо барои ҳифзи молу мулки меросӣ

50-% нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳо

11

Иштирок дар музояда, тендерҳо ва таҳияи шартномаҳои аз соҳибӣ соқит намудани молу мулки ғайриманқул ва дигар молу мулки бақайдгирифташаванда, ки тавассути музояда (тендерҳо) фурӯхта мешаванд

2 (ду) нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳо

12

Тартиб додани ҳуҷҷатҳое, ки барои дар хориҷа ба ҷо овардани амалиёт пешбинӣ карда шудаанд

10-% нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳо

13

Тартиб додани дархост дар бораи додани ҳуҷҷате, ки барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ зарур аст

25-% нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳо

14

Додани маълумот аз бойгонии идораи нотариалӣ

30-% нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳо

15

Кофтукови пасандозҳои меросгузор, инчунин вомбаргҳои давлатӣ дар ташкилотҳои бонкӣ

50-% нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳо

16

Тайёр кардани нусхаҳои дуюми (дубликатҳои) ҳуҷҷатҳо

50-% нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳо

17

Тайёр кардани нусхаҳои ҳуҷҷатҳо (барои ҳар як саҳифа)

2-% нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳо

18

Хабардор кардани меросхӯрон дар бораи мероси ошкоршуда

25-% нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳо

19

Барои хизматрасониҳои иловагӣ ба шахсони ҳуқуқӣ вобаста ба маслиҳатҳои ҳуқуқӣ, таҳия ва тасдиқи шартномаҳое, ки бояд арзёбӣ карда шаванд

3 (се) нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳо

20

Барои хизматрасониҳои иловагӣ ба шахсони ҳуқуқӣ вобаста ба маслиҳатҳои ҳуқуқӣ, таҳия ва тасдиқи шартномаҳое, ки арзёбӣ карда намешаванд

50-% нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳо

21

Барои чопи ҳуҷҷатҳо (барои ҳар як саҳифа)

20-% нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳо

 Эзоҳ: Барои  хизматрасонӣ  ҳангоми  ба   ҷо   овардани   амалиёти нотариалӣ  берун  аз бинои идораи нотариалӣ (ба истиснои банди 11) дар ҳолатҳои  пешбининамудаи  қонунгузории  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   маблағи пардохт ба андозаи дукаратаи тарифи муқарраршуда ситонида мешавад.

 

Илова кунед: